08:27 22 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Қонуни Асосӣ (Конститутсия)-и Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Шашуми ноябр- Рӯзи Сарқонуни Тоҷикистон

© Sputnik Игорь Лекаркин
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
5710

Сарқонун ё Қонуни асосии Тоҷикистон, ки дар соли 1994, дар айни ҷӯши ҷанги шаҳрвандӣ қабул шудааст, Тоҷикистонро як кишвари ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ номида, низоми давлатдориашро иҷтимоӣ медонад.

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон имрӯз аз 21-уми солгарди Қонуни Асосӣ (Конститутсия)-и кишвар таҷлил мекунанд.

Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, 6 ноябр дар саросари кишвар таътил аст ва дар шаҳри Душанбе ба ин муносибат "сайру гашти идона"-и сокинон ташкил шудааст.

Дар чор нуктаи фароғатӣ ва истироҳатиии шаҳри Душанбе- "Боғи Рӯдакӣ", "Дӯстии халқҳо", "Кӯли ҷавонон" ва майдони "800 — солагии Маскав" маҳфилҳои идона, аз ҷумла барномаҳои консертӣ бо ҳузури сокинону меҳмонон доир мешавад.

Рӯзи гузашта раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон  дар як паёми телевизионӣ мардуми кишварро ба муносибати 21-умин солгарди қабули Қонуни Асосӣ табрик гуфта ва аз "6 ноябри соли 1994" ба унвони "рӯзи таърихӣ" ёд карда, қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро рӯйдоди дорои аҳамияти бузурги таърихиву сиёсӣ хонд.

Оқои Раҳмон таъкид кард, ки "ин санади сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро инъикос намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ кард ва ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гардид".

"Тоҷикистон дар муносибатҳои хориҷии худ сиёсати дарҳои кушодаро пайгирӣ намуда, омодагии худро дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо давлатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ дар асоси принсипи баробарӣ ва эҳтироми соҳибихтиёрӣ эълон доштааст",- иброз дошт раисҷумҳур аснои таҳлили сиёсати хориҷии кишвар.

Сарқонун ё Қонуни асосии Тоҷикистон, ки дар соли 1994, дар айни ҷӯши ҷанги шаҳрвандӣ қабул шудааст, Тоҷикистонро як кишвари ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ номида, низоми давлатдориашро иҷтимоӣ медонад.

Баъд аз имзои Созишномаи сулҳ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин дар соли 1997 бо ризоияти ду ҷониб дар соли 1999 ба Қонуни асосӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки бино бар онҳо Тоҷикистон соҳиби парлумони думаҷлиса шуда, аҳзоби динӣ дар кишвар ҳаққи фаъолият пайдо карданд.

Зимни ҳамин ислоҳот мӯҳлати фаъолияти раисиҷумҳур аз ду давраи панҷсола ба як давраи ҳафтсола иваз шуд ва таъкид гашт, ки як нафар наметавонад ду давра президент шавад. Аммо дар пайи тағйири дигарбораи Сарқонуни Тоҷикистон дар соли 2003 мӯҳлати раёсатҷумҳурӣ аз як давраи ҳафтсола ба ду давраи ҳафтсола иваз шуд. 

Барчаспҳо:
таҷлили иди Конститутсия, рӯзи Сарқонун, ИНОТ, Конститутсия, Сарқонуни ҶТ, президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ