16:50 16 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.92
  • RUB0.14
Праздник в 201-ой РВБ отметили военным парадом и концертом

Қисми низомии пойгоҳи 201-уми ФР аз Кӯлоб мебарояд: сокинон нигаронанд

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
19 0 0

Пойгоҳи 201-уми Русия нерӯҳояшро аз маркази шаҳри Кӯлоб берун карда ба атрофи пойтахти Тоҷикистон тамрингоҳи Лоҳур интиқол медиҳад.

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Полки 149 — уми моторонидашудаи тирандозии пойгоҳи низомии 201-Русия аз шаҳри Кӯлоб ба пойгоҳи Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ интиқол дода мешавад, иттилоъ доданд ба Sputnik аз хадамоти матбуотии пойгоҳи мазкур.

Ба иттилои манбаъ, баъди тағйири мавзеъ теъдоди полки Русия ва вазифаҳои он тағйир намеёбанд. Аз ҷумлаи се иншооти ҳарбии Русия дар минтақа ду иншоот — полки моторонидашудаи Қӯрғонтеппа ва маркази оптикию электронии «Окно» — и Қӯшунҳои кайҳонӣ боқӣ мемонанд.

"Интиқоли нерӯҳо ду моҳ давом карда 20 декабр ба охир мерасад. Тағйири мавзеъ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шуда ва хусусияти нақшавӣ дорад.Мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи тайёрии ҳарбӣ ва афзун намудани неруи ҷангии полк мебошад. Шаҳрчаи ҳарбии Кӯлоб дар ихтиёри мақомоти ҳокимияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад"- афзуд манбаъ.

Пойгоҳи низомии 201 калонтарин қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия берун аз ҳудуди он ба шумор меравад. Тайи соли 2015 мушовирони Русия беш аз 1 ҳазор мутахассиси артиши Тоҷикистонро тарбия намуданд. Моҳи сентябр имкониятҳои ҳарбии пойгоҳ бо гурӯҳи чархболҳои Ми — 8 ва Ми — 24 мустақар дар фурудгоҳи низомии «Айнӣ» дар 30 километрии Душанбе афзун карда шуданд.

Русия дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоби Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ дорад, ки тибқи шартномаи дуҷонибаи моҳи октябри соли 2012 ин пойгоҳ бояд то соли 2042 дар ин ҷо бимонанд. Теъдоди низомиёни Русия дар хоки Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор нафар ҳисоб шуда, ин бузургтарин пойгоҳи Русия дар хориҷ аз он кишвар аст.

Сокинони маҳаллӣ нигаронанд

Чанд рӯз пештар сокинони Кӯлоб, ки дар даст маълумот дар бораи кучонидани пойгоҳи низомии Русия гирифта буданд, ба ВАО муроҷиат карданд.

Онҳо аз кучонидани низомиёни рус нигарон ҳастанд.

Ин ҷузъи низомии Русия дар шаҳраки мазкур ҷойгир аст солҳои дароз саҳми худро рушди иқтисоди ин минтақа мегуқзорад ва ҳади ақал наздик ба 500 сокини маҳаллӣ дар он кор мекунанд.

Ба ғайр аз ин дар шаҳр яке аз мактабҳои русӣ ҷойгир аст, ки бо куч бастани ин пойгоҳи низомӣ эҳтимоли зиёд аст, ки он низ баста шавад.
Ба иттилои ВАО чанде аз волидони мактаби №7 алакай ба унвони президенти Русия Владимир Путин ва Валентина Матвиенко дар мавриди баста нашудани мактаб номае навиштаанд.

Аз ҳама зиёд сокинони маҳалиро масъалаи амният нигарон кардааст. Шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо вилояти шимолии Афғонистон ҳаммарз аст, ки вақтҳои ахир ҷангҳои Толибон авҷ мегирад.

Мавзуъ

Фармондеҳи ОНМ пойгоҳи ҳарбии 201-умро тафтиш мекунад
Барчаспҳо:
мавзеъ, тағйир, пойгоҳи 201, мактаб, низомӣ, интиқол, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пойгоҳи низомии 201 Русия дар Тоҷикистон, Қӯрғонтеппа, Рӯдакӣ, Кӯлоб, Душанбе, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ