23:36 21 феврали 2018
Пахши мустақим
Тамрини таълимӣ. Акс аз бойгонӣ

Тирандозони рус бо “Гвоздика” кӯҳҳои Тоҷикистонро нишон гирифтанд

© Sputnik / Виталий Аньков
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
5 0 0

Аснои тамрини таълимӣ артиллеристони рус аз Округи ҳарбии Марказӣ шиллики тирро аз воҳиди худрави “Мехчагул” (Гвоздика) ба тарафи душмани эҳтимолӣ машқ карданд.

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Ҷузву томҳои Округи низомии Марказии марбути Вазорати дифоъи Русия дар тамриноти таълимӣ бо шиллики тир аз тӯпхона дар кӯҳҳои Қаршитави Тоҷикистон душмани эҳтимолиро маҳв карданд, иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуотии ОНМ.

"Тамрини таълимӣ ва тирпарронӣ ҳам рӯзона ва ҳам шабона дар пойгоҳи таълимии Лоҳур, воқеъ дар 40-километрии Душанбе сурат гирифт",- омадааст дар иттилоъия.

Бояд тазаккур дод, ки пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон дар 3 шаҳр — Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб гарнизон дорад. Ин пойгоҳ бузургтарин пойгоҳи нерӯҳои заминии артиши Русия дар хориҷ ба шумор меравад.

Дар соли 2012 Тоҷикистон бо имзои як қарордод бо ҳукумати Русия замони будубоши пойгоҳи 201-ро то соли 2042 тамдид кард.  

Барчаспҳо:
пойгоҳи 201, имзо, пойгоҳ, Хадамоти матбуотии ОНМ, Кӯлоб, Русия, Қӯрғонтеппа, Душанбе, Лоҳур, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ