11:25 19 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Офати табиӣ дар Бадахшон. Акс аз бойгонӣ

Бадахшон: километри 638-уми шоҳроҳи Душанбе- Қулма боз шуд

© Sputnik / Птицын
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
15 0 0

Ин минтақа моҳи июли соли равон бар асари обхезӣ ва сел зери сангу лой монда, ҳаракати нақлиёт тариқи ин масир масдуд шуда буд.

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Километри 638-уми ҷодаи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Қулма, ки дар натиҷаи фаромадани кӯҳпора тайи ду рӯз банд гардид, кушода шуд, иттилоъ доданд ба Sputnik аз ҳукумати вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Ба қавли манбаъ, ин қитъаи тахрибшудаи шоҳроҳ дар мавзеъи Шитобоғи ноҳияи Шуғнон ҷойгир буда, тобистони имсол баъди фаромадани сел дар рустои  Барсем ва хароб гардидани роҳи асосӣ дар дарозии 4 км бунёд шуда буд.

"Алъон ҳаракати кулли васоити нақлия тариқи ин ҷодда ба роҳ монда шуда, мушкил вуҷуд надорад. Роҳсозони вилоят тайи ду рӯз офати табииро бартараф карда, роҳро ба асли пешин баргардониданд",- афзуд манбаъ.

Мавзеъи Шитобоғи ноҳияи Шуғнон аз ҷумлаи манотиқест, ки кӯҳҳои он сангу харсангҳои азимҷусса ва коркардашон мушкилро дорад. Аммо мутахассисони ватанӣ тавонистанд бо меҳнати шабонарӯзӣ дар муддати 40 рӯз онро бунёд кунад..Ин дафъа низ кӯҳпора бо  техникаи муосир сари вақт тоза карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки бар асари офтаи табиӣ дар моҳи июли соли равон 4 километри роҳи рустои Барсеми ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон тахриб гардида буд. Дар пайи ин ҳодиса маҷрои рӯди Ғунд баста шуда, кӯли калони сунъӣ ба вуҷуд омад.

Барчаспҳо:
кӯҳпора аз ҷода берун карда шуд, роҳ таъмиру тармим шуд, бартарафсозии қитъаи роҳи тахрибшуда, масдудшавии ҷода, вазорати нақлиёти ҶТ, Шитобоғ, Барсем, Сучон, Шуғнон, Тоҷикистон, Бадахшон

Мавзӯъҳои асосӣ