Раҳмон Маркази муосири тавонбахшии "Ҳаёт"-ро дар Душанбе ифтитоҳ кард

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаМаркази муосири солимгардонӣ ва тавонбахшии Ҳаёт дар Душанбе
Маркази муосири солимгардонӣ ва тавонбахшии Ҳаёт дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар саҳни ин марказ инчунин субҳи 6 декабр барои сохтмони парки обии болопӯшидаи замонавӣ санги асос гузошт шудааст.

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи гузашта дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои боҳашамати Маркази муосири солимгардонӣ ва тавонбахшии мавсум "Ҳаёт"-ро ифтитоҳ намудааст, иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуотии президент.

Президент дар Хуҷанд 30 иншоотро ифтитоҳ мебахшад

Бинои боҳашамати Маркази муосири солимгардонӣ ва тавонбахшии "Ҳаёт", ки зарфияти хидматрасонӣ дар давоми як шабонарӯз ба 2000 нафарро дорад, лоиҳакаши асосии он ҶСК "Меъморӣ ва шаҳрсозӣ" буда, пудратчии асосӣ ҶСП "Фароз" мебошад.

"Дар ошёнаҳои аз якум то панҷум тамоми шароит барои мардону занон муҳайё карда шудааст. Дар ошёнаи якум унсурҳои беҳтарини ҳамомҳои финӣ, русӣ, туркӣ бо буғхонаҳои хушку намнок, ҳавзи оби хунук ва ҳуҷраи барфӣ барои салқиншавӣ баъд аз баромадан аз буғхонаҳои дорои ҳарорати баланд, ҳавзҳои хурду калони зиёд барои шиноварӣ ҷойгир аст", — менависад манбаъ.

Новая чайхана в Гиссаре - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон Чойхонаи миллӣ - "харбуза"-и Ҳисорро ифтитоҳ кард

Дар ошёнаҳои дигари маркази солимгардонию тавонбахшии "Ҳаёт" бо хизматрасонии сатҳи баланд толорҳои гуногуни масҳи бадан фитнес, саққозанӣ ё худ билярд, тенниси рӯи миз, толори махсус барои бозии электронии голф тавассути онлайн бозиҳои — 3Д голф ва ошхонаю зебою барҳаво бо хизматрасонии тарзи шведӣ ҷойгиранд.

"Оби дар ин марказ истифодашаванда зеризаминӣ буда, аз чуқурии 118 метр бо обкашҳои барқӣ кашида мешавад ва то ворид шудан ба ҳавзҳою ҳаммом ва дигар бахшҳои марказ аз 4 дараҷаи софкунӣ бо филтрҳои махсус гузаронда мешавад",, илова мекунад манбаъ.

 

Лентаи хабарҳо
0