01:55 17 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов

Омодагии Душанбею Теҳрон барои муборизаи муштарак бо терроризм

© Sputnik / Алексей Филиппов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2401

Душанбе, 9 дек — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов, ки дар доираи як сафари корӣ дар пойтахти покистон қарор дорад, бо ҳамтои эронии худ Муҳаммад Ҷавод Зариф мулоқот кардааст, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти ВКХ-и кишвар.

Ба иттилои манбаъ, дар ин вохурӣ ҷонибҳо  дар ҳошияи масоили ҳамкорӣ дар риштаҳои гуногунро баррасӣ кардаанд. Инчунин раҳбарони вазоратхонаҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон аз омодагии кишварҳои худ барои муборизаи муштарак бо ифротгароию терроризм ва қчоқи маводи мухаддир хабар додаанд.

Конфронси панҷуми вазирони корҳои хориҷии "Қалби Осиё- Раванди Истанбул" дар шаҳри Исломобод — пойтахти Покистон идома дошта, дар натиҷаи он қарор аст, Эъломияи Исломобод зери унвони "Қалби Осиё-Раванди Истанбул: тавсеаи ҳамкорӣ барои мубориза бар зидди чолишҳои амниятӣ ва таҳкими ҳамбастагӣ дар минтақаи Қалби Осиё" қабул  карда шавад.

Дар кори ин ҳамоиш намояндагони 14 кишвар, 17 кишвар ҳомӣ ва 12 созмони минтақавӣ ва байналмилалӣ ширкат доранд. Раиси ҷумҳури Афғонистон Ашрафғанӣ Аҳмадзай низ дар ин конфронс ҳузур дорад.

Қаблан манбаъ дар шарҳи сафари Сироҷиддин Аслов ба Исломобод гуфта буд, ки интизор меравад, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳошияи ин конфронс вохӯриҳои дуҷонибаи бо роҳбарони ҳайатҳои як силсила кишварҳои иштироккунандаи раванди мазкур анҷом диҳад.

Мавзуъ

Эрон хостори ширкат дар сохтмони нерӯгоҳҳои ҷадид дар Тоҷикистон аст
Убайдуллоев: мо аз афзудани нуфузи Эрон хушнудем
Барчаспҳо:
дуҷониба, конфронс, кишвар, терроризм, ифротгароӣ, байналмилалӣ, созмон, ҳамкорӣ, мулоқот, Ашраф Ғанӣ Аҳмад, Муҳаммад Ҷавод Зариф, Сироҷиддин Аслов, Исломобод, Покистон, Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ