13:41 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Ҳавопаймо ҳангоми фуруд дар номусоидии боду ҳаво

Ҳавопаймо аз Екатеринбург наметавонад дар Душанбе фуруд ояд

© Sputnik / Руслан Кривобок
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Қарор аст, имрӯз ҳавопаймоҳо аз Машҳад, Алмаато, Маскав ва Екатеринбург ба Душанбе парвоз кунанд.

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Ҳавопаймои мусофирбаре аз Екатеринбург ним соат мешавад, дар осмони Душанбе давр зада, наметавонад, дар фурудгоҳи пойтахт ба замин нишинад. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар суҳбат бо Sputnik иброз доштанд.

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба далели номусоидии боду ҳаво, аз ҷумла боридани барф наметавонад, ҳавопаймоҳоро қабул кунад. Яке аз ҳавопаймоҳое, ки аз Ектеринбург парвоз кардааст, ним соат боз дар осмони пойтахт давр мезанад.

"Ҳавопаймои масири Урумчӣ — Душанбе ҳам натавонист, дар фурудгоҳи пойтахт ба замин нишинад ва он дубора ба Урумчӣ баргашт. Ҳоло осмонро туман фаро гирифтааст. Аммо пеш аз ин як ҳавопаймо аз Санкт-Петербург тавонист, соати 08:30 фуруд ояд. Агар ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи мо ба замин нишаста натавонанд, онҳоро ба фурудгоҳи Хуҷанд мефиристем", — илова кард ҳамсуҳбати мо.

Дар ҳоли ҳозир фурудгоҳи Душанбе танҳо ҳавопаймоҳоро гусел менамояд. Масъулини Хадамоти матбуотии фурудгоҳ мегӯяд, ҳоло барои онҳо маълум нест, қабули ҳавопаймоҳо дубора кай аз сар гирифта мешавад. Зеро он аз вазъи ҳаво вобаста аст.

Қарор аст, имрӯз ҳавопаймоҳо аз Машҳад, Алмаато, Маскав ва Екатеринбург ба Душанбе парвоз кунанд.

Барчаспҳо:
номусоид, бод, давр задан, ҳаво, ҳавопаймо, фурудгоҳ, пойтахт, номусоидии боду ҳаво ба кори фурудгоҳ халал ворид кардааст, Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе, Урумчӣ, Санкт-Петербург, Душанбе, Тоҷикистон, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ