22:06 26 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Мурофиаи додгоҳӣ. Акс аз бойгонӣ

Зиндонии 9 сокини вилояти Суғд ба иттиҳоми узвият дар "Ҳизб ут-таҳрир"

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
15 0 0

"Ҳизби таҳрир" аз ҷумлаи созмонҳоест, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнуъ буда, ҳамчун созмони террористӣ эътироф шудааст.

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Хуҷанд 9 сокини вилояти Суғдро ба иттиҳоми узвият дар ҳаракати мамнуи "Ҳизб ат-таҳрир" барои аз 3,5 то 13 сол равонаи зиндон кардааст, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии ин додгоҳ.

Мурофиаҳои додгоҳии ин афрод пушти дарҳои баста дар боздоштгоҳи муваққати кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Хуҷанд баргузор шудааст. Синни 9 нафари муттаҳам дар узвияти "Ҳизб ут-таҳрир" аз 30 то 50 солро ташкил медодааст.

Ҳамаи онҳо дар ҳамкори бо гуруҳи муташаккили ҷиноӣ, созмони мамнуи террористӣ ва экстремистӣ муттаҳам шудаанд.

Ин 9 сокини вилояти Суғд моҳи апрели соли равон аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Додситонии виялот боздошт гардидаанд.

"Ҳизби таҳрир" аз ҷумлаи созмонҳоест, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнуъ буда, ҳамчун созмони террористӣ эътироф шудааст.

Барчаспҳо:
ҷиноӣ, мамнуъ, сокин, террористӣ, боздошт, зиндон, ҳукми зиндон, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, додситонии вилояти Суғд, Хуҷанд, Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ