08:12 26 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Маводи мухаддир

Дар оташдони нави АНМН 400 кило маводи мухаддиро сӯзонданд

© Sputnik / Олег Золото
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
9 0 0

Ин мавод тавассути кормандони Агентии назорати маводи нашаъаовар, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон мусодира шудаанд.

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Ҳудуди 400 кило маводи мухаддир дар оташдони нави Агентии назорати маводи нашаъаовари Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе субҳи сешанбе сӯзонда шуд.

"Имрӯз 379 кило маводи мухаддир, аз ҷумла 15 кило ҳероин, 298 кило афюн, 3 кило морфин, 61 кило ҳашиш ва 20 грам фенобарбитал бар асоси 10 парвандаи ҷиноӣ сузонида шуд", — гуфт сухангӯи агентӣ Хушнуд Раҳматуллоев дар суҳбат бо Sputnik.

Ин мавод тавассути кормандони Агентии назорати маводи нашаъаовар, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон мусодира шудаанд.

Ин миқдори маводи мухаддир дар оташдони навеи ганетӣ сӯзонида шуд, ки аввали моҳи декабри соли равон сохта шуда буд. Ба гуфтаи Раҳматуллоев, ин оташдон замонавӣ ва хуб аст.

© Sputnik
Спаниел ва овчаркаҳо ҷустуҷӯи маводи мухаддирро меомӯзанд
Барчаспҳо:
оташдон, ҳашиш, ҳероин, маводи мухаддир, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати маводи нашаъаовари Тоҷикистон, Хушнуд Раҳматуллоев, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ