07:13 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Бозичаҳои солинавии арчаи Душанбе

Вазорати маорифи ҶТ: оростани арча дар муассисаҳои таълимӣ манъ аст

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
59 0 0

Бар асоси ин фармоиши вазири маориф ва илми Тоҷикистон, ҳангоми чорабиниҳои солинавӣ буридани арча, истифодаи ҳама гуна маводи пиротехникӣ низ манъ мебошад.

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон оростани арчаи соли навӣ дар муассисаҳои таълимии миёнаву олии кишварро манъ кардааст, дар ин бора дар фармоиши вазири маориф ва илм Нуриддин Саид омадааст.

"Дар арафаи таҷлил аз Соли нав зиёфатороиву туҳфаситонӣ, ҷамъоварии маблағ ва дар тарабхонаҳо ташкил намудани чорабиниҳои солинавӣ қатъин манъ аст", гуфтааст ҷаноби Саид.

Тибқи фармоиши мазкур, дар муассисаҳои таълимии миёнаву олии Тоҷикистон бояд аз 25 декабри соли равон то якуми январи соли 2016 шахсони масъул навбатдорӣ ташкил кунанд

"Оид ба масъалаи амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятии зиддисӯхтор дар муассисаҳо чораҷӯӣ карда, дар хусусӣ таҷлили Соли нав аз ҷониби хонандагону омӯзгорон тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд", — таъкид кардааст вазири маориф ва илми кишвар.

Раҳбарияти Вазорати маориф ва илм ба масъулини муассисаҳои таълимӣ тавсия додааст, зимни баргузории чорабинии солинавӣ баргузории маҳфилҳои адабию фарҳангӣ, таҳияи рӯзномаи деворӣ ва бозиҳои варзишӣ ба роҳ монда шавад.

Барчаспҳо:
тавсия, миёна, олӣ, таълимӣ, муассисаҳо, сол, Арча, нав, манъ, туҳфа, таҷлил, фармоиш, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, Нуриддин Саид, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ