04:37 16 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.63
  • RUB0.15
Тифлҳои навзод

Маҳдудият дар номгузории фарзандони хонаводаҳои тоҷик

© Sputnik / Игорь Зарембо
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
117 0 0

Интизор меравад, "Феҳрасти ягонаи номҳои миллӣ" моҳи январи соли 2016 рӯи чоп ояд.

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон "Феҳрасти ягонаи номҳои миллӣ"-ро омода карда, барои тасвиб ба ҳукумат пешниҳод кардааст, менависанд расонаҳои маҳаллии кишвар.

Логотип на одежде магазина iamdifferent
Официальная страница магазина "iamdifferent" в Facebook

"Феҳрасти ягонаи номҳои миллӣ" аз чор ҳазор намунаи номҳои тоҷикӣ иборат буда, рӯзи 24 декабри соли равон барои тасвиб пешниҳод шудааст. Баъд аз тасвиб ин феҳрист ба ба идораҳои сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ (ЗАГС) ирсол мешавад.

"Номгузорӣ тибқи ин феҳрасти мазкур ҳатмӣ буда ва кормандони идораҳои сабти аснод муваззаф мешаванд, ки берун аз доираи он ба фарзандони тоҷик номгузорӣ накунанд. Сокинон ҳақ надоранд, ки ба фарзандони худ бо пасвандҳои туркии "қул", "хон"… ном гузоранд," — навиштаанд расонаҳо.

Аммо номҳои арабие, ки то ҳол аз ҷониби шоиру нависанда ва гузаштагони тоҷик истифода шудаанд, аз ин феҳрист берун нахоҳанд шуд.

Ин иқдом ба намояндагони қавму миллати дигар дахл надорад ва онҳо ба мисли пешин ҳаққи номгузорӣ тибқи расму ойини худро доранд.

Интизор меравад, "Феҳрасти ягонаи номҳои миллӣ" моҳи январи соли 2016 рӯи чоп ояд.

Барчаспҳо:
ҳолат, аснод, анъана, қавм, тоҷикӣ, миллат, арабӣ, шаҳрвандӣ, ном, Таҳияи "Феҳрасти ягонаи номҳои миллӣ", Кумитаи забон ва истилоҳоти ҶТ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ