08:44 17 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Соли нав

Тоҷикистониён Соли навро бе барф пешвоз мегиранд

© Sputnik / Сергей Пятаков
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
13 0 0

Масъулини Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон мегӯянд, дар рӯзҳои ҷашни Соли нав дар кишвар ҳавои бебориш дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Тоҷикистониён шаби Соли навро бидуни барф пешвоз хоҳанд гирифт, иттилоъ медиҳад Маркази обуҳавосанҷии кишвар.

Масъулини Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон мегӯянд, дар рӯзҳои ҷашни Соли нав дар кишвар ҳавои бебориш дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, шаби 31 декабр ба 1 январ дар аксар манотиқи ҷумҳурӣ, ба ҷуз баъзе аз навоҳии куҳии кишвар ҳавои бебориш пешбинӣ мешавад.

Дар ду рӯзи аввали моҳи январ дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандва абрнок пешбинӣ шуда, рӯзҳои 3-4 январ каме боришот дар назар аст.

Барчаспҳо:
пешбинӣ, абрнок, тағйирёбанда, боришот, Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ