18:55 03 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
41 0 0

Беш аз садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон бо оилаҳояшон, ки дар даргириҳои Ховари Миёна ширкат доштанд, соли 2015 ба ватан баргардонида шуданд. Ин натиҷаи амалиёти махсуси мақомоти вижаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Соли 2015 дар маҷмӯъ 120 шаҳрванди Тоҷикистонро аз муҳорибаҳои хориҷӣ ба Ватан бозпас гардонидем, иброз дошт имрӯз Додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон.

"Дар натиҷаи баргузории корҳои профилактикӣ-фаҳмонидадиҳӣ,  78 шаҳрванди ҷумҳурӣ, инчунин занҳо ва фарзандонашон (42 нафар) аз Сурияву Ироқ  ба Тоҷикистон баргардонида шуданд",- илова кард ӯ.

Роҳбари ВКД Рамазон Раҳимзода низ чанде қабл иттилоъ дод, ки 992 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои мамлакатҳои хориҷӣ,  аз ҷумла дар Сурияву Ироқ ширкат доранд.

Ба қавли ӯ, аз ин шумора 156 нафари онҳо дастгир шуда, 61 нафарашон ба ватан баргардонида шуданд. 148 шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар натиҷаи ҷангҳо дар Ховари Миёна ва Афғонистон ба ҳалокат расиданд. 692 ҷангии тоҷик, ки дар Сурия ва Ироқ дар муноқишаҳои низомӣ ширкат доранд, мавриди ҷустуҷӯи мақомот мебошанд.  Барои иштирок дар ҷангҳо 154 хонавода, иборат аз 190 мард ва 176 зан ба хориҷи кишвар рафтаанд.

Қаблан додситони кулли Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки харҷи бозгашти шаҳрвандон аз ҷангҳои хориҷӣ аз буҷаи давлат пардохт мешавад.

Мавзуъ

Трамп дар мубориза бо ДИИШ аз Русия ҳимоят кард
Барчаспҳо:
ширкати хориҷиён дар даргириҳо, ҷанг дар Ироқ, ҷангҳои Сурия, ДИИШ, ДИ, Давлати исломӣ, Прокуратураи генералӣ, Додситонии кулли Тоҷикистон, Юсуф Раҳмон, Ироқ, Душанбе, Сурия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ