11:16 21 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.09
  • EUR10.53
  • RUB0.14
Сокинони Тоҷикистон дар идгоҳ. Акс аз бойгонӣ

Агентии омор: шумори аҳолии Тоҷикистон ба 8,5 млн. нафар расид

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
26910

Шумори аҳолии вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ дар ҳоли афзудан аст

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Тайи соли ахир шумори аҳолии Тоҷикистон 2,3%, 192,8 ҳазор нафар афзуда, ба аввали соли равон 8 млн. 547 ҳазору 400 нафарро ташкил медиҳад, мегӯяд Агентии омори назди президенти ҶТ.

Соли гузашта афзоиши нисбатан бештари шумори аҳолӣ дар вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ ба қайд гирифта шудааст, ки ба 2,6% ва он болотар муодил мебошад.

То аввали соли равон шумори аҳолии вилояти Хатлон — 3 млн. 48 ҳазор ва ноҳияҳои тобеи марказ — 1 млн. 971 ҳазор нафарро ташкил додааст. Мутаносибан соли гузашта шумори аҳолии вилояти Хатлон — 77,2 ҳазор нафар ва ноҳияҳои тобеи марказ — 49,9 ҳазор нафар зиёд шудааст.

Ба иттилоъи манбаъ, теъдоди аҳолии вилояти Суғд дар соли гузашта 2,2% (54 ҳазор нафар) афзуда, то аввали соли ҷорӣ 2 млн. 508 ҳазор нафарро ташкил додааст. Тайи соли ахир шумори аҳолии пойтахт 13,7 ҳазор нафар (1,7%) афзуда, тибқи маълумоти оморӣ, ба санаи 1 январи соли 2016 дар шаҳри Душанбе 802 ҳазор нафар кору зиндагӣ мекардаанд.

Соли 2015 дар Тоҷикистон афзоиши камтари аҳолӣ дар ВМКБ ба қайд гирифта шудааст, ки ба 1,2% баробар аст. Шумори умумии сокинони Бадахшон то аввали соли равон ҳамагӣ 217 ҳазор нафарро ташкил дода, дар як сол теъдоди аҳолӣ 2,6 ҳазор нафар зиёд шудааст.

Барчаспҳо:
беш аз 8,5 млн, теъдоди сокинон боло рафтаст, афзоиши аҳолӣ, аҳолии Тоҷикистон, Агентии омори Тоҷикистон, ВМКБ, Хатлон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ