09:34 23 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.13
  • EUR10.63
  • RUB0.14
Эмомали Рахмон на встрече с министром по вопросам международного развития Великобритании Десмондом Свейном

Изҳори хушнудии Раҳмон аз дастгирии Британияи Кабир

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
30 0 0

Дар мулоқот масоили таҳкиму густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабирро баррасӣ карда, роҳҳои тавсеъаи ҳамкориҳо матраҳ гардиданд.

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аснои мулоқоташ бо вазири давлатии рушди байналмилалии Британияи Кабир Десмонд Свейн ба раҳбарияти он кишвар барои дастгирии молиаш аз тарҳи CASA-1000 изҳори сипос кард, омадааст дар сомонаи расмии сарвари давлат.

Манбаъ мегӯяд, дар ин мулоқот президенти ҶТ ба ҷониби Британияи Кабир барои дастгирӣ аз татбиқи амалии лоиҳаи минтақавии CASA-1000 ва ҷудо намудани 37 млн. доллари амрикоӣ барои ин ҳадаф арзи сипос кард.

Ҳамзамон, дар вохӯрӣ масоили таҳкиму густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабирро баррасӣ кардаанд. Ба қавли Раҳмон, ҳоло миёни Тоҷикистон ва Британияи Кабир робитаҳои устувори дӯстию ҳусни тафоҳум ва ҳамкории судманд ба роҳ монда шудааст, ки боиси қаноатмандии мост.

Мусоидат ба таъмини амну суботи минтақавӣ, дарёфти роҳҳои ҳалли фарогири қазияи Афғонистон дар муносибатҳои ҳамкории ҳар ду кишвар аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат будааст.

Зимнан, дар мулоқот вобаста ба таъсири бӯҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои барои ҳарду ҷониб муфид табодули назар гардид.   

Барчаспҳо:
37 миллион доллар, кумаки молиявии Британияи Кабир, изҳори хушнудӣ, мулоқот, вазорати давлатии рушди байналмилалии Британияи Кабир, президенти Тоҷикистон, CASA-1000, Десмонд Свейн, Эмомалӣ Раҳмон, Лондон, Британияи Кабир, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ