06:06 21 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Малах. Акс аз бойгонӣ

Гуруҳи вижаи мубориза бар зидди малах дар ҶТ фаъол мешавад

Алексей Куденко
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
55 0 0

Мутахассисон аз Афғонистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Тоҷикистон ба омӯзиши роҳҳои мубориза бар зидди малах машғуланд. Ҳамоишҳои вижа дар ин бора дар шаҳри Душанбе доирр мегарданд.

ДУШАНБЕ,  24 фев — Sputnik. Тавре аз гузориши Созмони байналмиллалии озуқа ва кишоварзӣ бармеояд, 16 коршинос ба омузиши роҳҳои мубориза бо малах машғуланд.

Мутахассисон аз Афғонистон, Қирғизистон ваУзбакистон ба Душанбе омада, ҳамроҳ бо ҳамтоёни тоҷики худ роҳҳои мубориза бо малахро меомӯзанд. Бозомӯзии мазкур аз ҷониби  Агентии Ҷопон доир ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ ва Агентии ҳамкориҳои байналмиллалӣ (USAID) маблағгузорӣ карда мешавад.

Мақсади асосии омӯзиш ин таҷдид, такмил ва ҳамоҳангсозии донишҳои биоэкологӣ оиди зараррасонии малах барои гузаронидани тадқиқотҳо ва идоракунии иттилоот мебошад.

Инчунин омӯзиш ба  мавзӯъҳои техникаи пошидани доруҳои зиддималах ва безараргардонии он  барои одамон ва муҳити атроф  бахшида шудааст.

Баъди семинар дар назар аст, ки иштирокчиён маводҳои омузиширо  гирифта дар ноҳияҳо ҳамоишҳои минтақавиор доир мекунанд.

Дар ҳуҷҷатҳо барои омӯзиш гуфта мешавад, ки ин барнома барои беҳтарсозии фазои  мубориза бар зидди малах  дар Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ба ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва кишоварзии аҳолӣ дар  ва нигоҳдории чарогоҳҳо аз малахҳо, безараргардонии он ва ба  беҳсозии саломатии одамон ва муҳити зист равона шудааст.

Барчаспҳо:
коршиносон, алайҳи малах, муборизаи зидди малах, малах, Агентии Ҷопон доир ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ, Агентии ҳамкориҳои байналмиллалӣ (USAID), Узбакистон, Қирғизистон, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ