ИЖТ: сабти номи аъзои иттифоқ оғоз мегардад

© Sputnik / Амир Исаев16 январ раиси ҷадиди ИЖТ Зинатулло Исмоилзода интихоб гардид
16 январ раиси ҷадиди ИЖТ Зинатулло Исмоилзода интихоб гардид - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Анҷумани XIV-уми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон рӯзи 16-уми январи соли равон баргузор шуда, дар он Зиннатулло Исмоилзода раиси ИЖТ интихоб гардид.

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Иттифоқи журналистони Тоҷикистон тасмим дорад, рӯзноманигоронеро, ки аъзи СЖТ мебошанд, аз нав сабти ном кунад, иброз дошт раиси тозаинтихоби ин иттиҳодияи эҷодӣ Зинатулло Исмоилзода.

"Мақсад аз сабти навбатии рӯзноманигорон мушаххас кардани шумораи аъзои иттифоқ ва ва вазъи кории онҳо мебошад. Ин тасмим бар асоси қарори анҷумани XIV-уми Иттифоқи журналистон рӯи даст гирифта шудааст ва он ба ғайр аз сабти ном дигар ҳеч ҳадафе надорад",- илова кард ӯ.

Хабарнигорон дар назди театри ба номи Лоҳутӣ пас аз маросими эътои ҷойизаҳо бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик - Sputnik Тоҷикистон
Шаш рӯзноманигор барандаи ҷоизаи ИЖТ ба номи Лоҳутӣ шуд

Оқои Исмоилзода афзуд, мо мехоҳем дақиқ кунем, ки хабарнигорон ба чӣ кор машғул ҳастанд ва дар чӣ шароите фаъолият доранд, тайи ин солҳо чӣ теъдоде фавтидааст, киҳо берун аз кишвар рафтаанд ва амсоли ин.

Ба қавли раиси ИЖТ, ҳоло рамзи ин созмони журналистӣ низ тағйир ёфта, такмил шудааст. Дар асоси маъракаи аз нав ба қайдгирии хабарнигорон, тарзи нави қабул ва шаҳодатномаи аъзои иттифоқ давра ба давра иваз мешавад. Ҳангоми ивази ҳуҷҷатҳо, касбият, фаъолияти эҷодӣ, ҷамъиятӣ, иҷрои талаботи оинномавӣ, аз ҷумла пардохти ҳаққулузвият дар мадди аввал ба назар гирифта мешавад.

Ин маърака то 31 марти соли равон идома пайдо хоҳад кард. Феълан теъдоди журналистони Тоҷикистон тақрибан 2300 нафар мебошад.

Анҷумани XIV-уми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар таърихи 16-уми январи соли ҷорӣ баргузор шуд ва Зиннатулло Исмоилзода бо аксарияи кулли орои вакилон, барои панҷ соли дигар раиси ин созмони рӯзноманигорӣ интихоб шуд.

Собиқ раиси ИЖТ Акбари Саттор (Акбаралӣ Сатторов) рӯзи 28-уми августи соли 2015 дар синни 50-солагӣ аз дунё даргузашт.

Лентаи хабарҳо
0