Таъини Вафо Ниятбеков ба симмати сухангӯи ВКХ ҶТ

© Sputnik / Игорь ЛекаркинБинои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон
Бинои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбари ҷадиди Раёсати иттилоот, матбуот ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон 37 сол дорад ва пас аз хатми Донишгоҳи Вафо Ниятбеков 37-сола буда, пас аз хатми Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар соли 2001 дар вазифаҳои мухталиф фаъолият дошт.

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Бо фармони вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов, рӯзи 3-юми март Вафо Ниятбеков сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ин вазорат таъйин гардидааст.

Оқои Ниятбеков дар ин курсӣ Абдулфайз Атоевро иваз кард, ки чанде қабл ба ҳайси мушовир дар сафорати Тоҷикистон дар Ашқобод ба фаъолият оғоз кард.

Даъвати Аслов барои ҷонибдории Тоҷикистон аз ECOSOC

Ӯ то замони таъин шуданаш ба ин вазифа, ба симмати муовини сардори ҳамин раёсати вазорати умури хориҷӣ фаъолият дошт. То омадан ба ВКХ ҶТ Вафо Ниятбеков дар Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон кор мекард.

Роҳбари тозатаъини раёсати иттилоот, матбуот ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон 37 сол дошта, факултаи муносиботи байналмилалии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русияро хатм кардааст.

Вафо Ниятбеков барои такмили ихтисос ва баланд бардоштани малакаи касбӣ дар чанд кишвари хориҷӣ, аз ҷумла ИМА, Олмон, Латвия, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Ҳиндустон, Туркия ва Ҷопон давраҳои таълимии вижаро фаро гирифтааст.

Вай муаллифи даҳҳо матлабҳои таҳлиливу илмӣ мебошад, ки дар дохил ва хориҷи кишвар дар нашрияҳои маъруф ба чоп расидаанд.

Лентаи хабарҳо
0