00:12 06 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Ҳавопаймоҳои низомии Ту-22 М3. Акс аз бойгонӣ

Интиқоли ҳавопаймоҳои СУ-25СМ аз Русия ба Тоҷикистон

Министерство обороны РФ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Амалиёти "густурда"-и Русия ва Тоҷикистон алайҳи террористон (7)
68 0 0

Ин ҷангандаҳо аз пойгоҳи ҳавоии “Кант”-и Қирғизистон кӯчонида шуданд. Рӯзи панҷшанбе ба фурудгоҳи Тоҷикистон боз ду чархболи низомии Ми-24 ва боркаши Ми-8 фиристода шуданд.

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Ҳавопаймоҳои ҷангии  Су-25СМ аз пойгоҳи ҳавоии  "Кант"-и Қирғизистон барои гузаронидани тамринҳои муштараки Русияву Тоҷикистон ба Душанбе омаданд, иттилоъ медиҳад ёвари фармондеҳи Округи низомии марказии Қувваҳои Муссалаҳи ФР, полковник Ярослав Рошупкин.

"Ҳавопаймоҳҳо қатори гурӯҳи пойгоҳҳои ҳавоии  фурудгоҳи Айниро, ки дар масофаи 30 км аз шаҳри Душанбе дуртар воқеъ аст, пурра  хоҳанд кард,"-қайд кард ӯ.

Ӯ изҳор дошт, ки қаблан рӯзи панҷшанбе ба фурудгоҳ ду чархболҳои ҳарбии Ми-24 ва боркаши  Ми-8 аз пойгоҳҳои ҳавоии "Толмачево" ва "Кант" фиристода шуданд.

Тамриноти муштараки таълимиву низомӣ рӯзи 9 март дар Тоҷикистон оғоз гардид. Ҳарбиёни ду кишвар дар рафти тамринҳои низомӣ роҳҳои  муштараки несту нобуд кардани гурӯҳҳои ҷиноятпеша  ва нобуд сохтани пойгоҳҳои душманонро меомӯзанд.

Мавзуҳо:
Амалиёти "густурда"-и Русия ва Тоҷикистон алайҳи террористон (7)
Барчаспҳо:
СУ-25СМ, МИ-24, МИ-8, нобудсозӣ, ҳавопаймоҳои низомӣ, амалиёт, машқи низомӣ, тамринот, пойгоҳи ҳавоии "Толмачево", Округи низомии марказии Қувваҳои Муссалаҳи ФР, пойгоҳи ҳавоии "Кант"-и Қирғизистон, Ярослав Рошупкин, Русия, Бишкек, Душанбе, Айнӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ