“Кӯдакони офтобӣ” ҷашни худро дар Душанбе қайд карданд

© SputnikПадар бо фарзандаш дар таҷлили созмони волидайни "СиДа"
Падар бо фарзандаш дар таҷлили созмони волидайни СиДа - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Беш аз 60 нафар “кӯдакони офтобӣ”- атфол бо нишонаҳои бемории Дауна иди байналмиллалии худро дар пойтахти ҷумҳурӣ ҷашн гирифтанд. Чорабинии хайриявӣ таҳти шиори ҷадиди “Ман ҳастам” бо ибтикори созмони ғайридавлатии волидайн “СиДа” баргузор шуд.
© SputnikОвозхон Муҳаммадрофеъи Кароматулло дар иди кӯдакони гирифтори бемории Дауна
Дети в восторге от общения с артистом - Sputnik Тоҷикистон
Овозхон Муҳаммадрофеъи Кароматулло дар иди кӯдакони гирифтори бемории Дауна

Консерти хайриявӣ бо дастгирии соҳибкорони шаҳри Душанбе дар яке аз тарабхонаҳо сурат пазируфт.

Ба табрики кӯдакон ситораҳои эстрадаи тоҷик- Ҷонибек Муродов ва Муҳаммадрофеъи Кароматулло, ҳамчунин сарояндаҳои машҳури реп Master Ismail ва S.O.R (Далер Рустамов) низ омада буданд.

Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз миёни 700 кӯдаки навзод дар вуҷуди яке аз онҳо аломати бемории Даунаро дидан мумкин аст.

Дар Тоҷикистон теъдоди аниқу расмии гирифторони ин маризӣ вуҷуд надорад. Созмонҳои ғайридавлатӣ шумораи кӯдаконро бо чунин шакли потология то 500 нафар арзёбӣ мекунанд.

Ҳама мисли дигар одамонанд

Даун- ин на номи бемории "шадид", балки насаби пизишкест, ки соли 1866 алматҳои ин касалиро ошкор кард. Нишонаи асосии ин беморӣ доштани 47 хромосома ба ҷои 46 мебошад.

Вале ба қавли директори ташкилоти "СиДа" Замира Ҷумъаева на ҳама ин маълумотро доранд ва нодонии мардум боиси муносибати наонқадар дурусти ҷомеа нисбати "кӯдакони офтобӣ" мегардад.

— Ман худ модари кӯдаке бо нишони Дауна ҳастам ва дар ин роҳ ҳолатҳои гуногунро аз сар гузаронидаам. Ягон модар дар фарзанди худ норасоиеро намебинад, вале нигоҳҳои мардум моро маҷбур месозанд, ки ба худ саволҳои даҳшатнок диҳем, чӣ гуна, барои чӣ, оянда чӣ мешавад? Аммо боз ҳам мушкилоти асосӣ ин бехабар будани одамон ва худи волидайни кӯдакони гирифтори "Дауна" мебошад, мегӯяд сарвари созмони мазкур.

© SputnikХушнудии кӯдакон аз дидори сарояндаҳои тоҷик беканор аст
Певец Мухаммадрафи Кароматулло принял участие на празднике родительской организации СиДа - Sputnik Тоҷикистон
Хушнудии кӯдакон аз дидори сарояндаҳои тоҷик беканор аст

 

Барои ҳамин ҳам ҷашн гирифтани иди байналмиллалии "кӯдакони офтобӣ" дар як сол як бор ҳам бошад, ба волидайни ин кӯдакон ва ба ҷомеъа мефаҳмонад, ки ин кӯдакон мисли дигарҳоянд, танҳо бо як хромасомаи зиёдатӣ.

— Дар баробари ин мо кӯшиш дорем то лоиҳаҳои навро  дар ҷомеа роҳандозӣ намоем, оилаҳоеро, ки кӯдаки бо нишони Дауна доранд аз ҷиҳати равонӣ ва ҳуқуқӣ дастгирӣ кунем ва ҳамчунин шароити муносиб барои рушди "кӯдакони офтобӣ" фароҳам орем, —илова кард Ҷумаева.

Ба гуфти ӯ имрӯз аз ҷониби Вазорати маорифи кишвар қадамҳои нахустини ёрӣ ба ин гурӯҳ дида мешаванд, масалан, зиёда аз 20 кӯдак ба боғчаҳо мераванд, 5 нафари дигар дар гурӯҳҳои махсуси томактабӣ ва зиёда аз 10 кӯдак дар синфҳои махсус таҳсили илм доранд.

"Сиёсатмадор" дар синф

Ҳар як кӯдак мутафовит аст ва "кӯдакони офтобӣ" низ ҳамчунин. Ба ин ҳарф Ҷураева бо 30 соли собиқаи кориаш боварии комил дорад.

— Онҳоро танҳо як чиз ба ҳам наздик мекунад- қалби нек ва кушод. Аз ҷиҳати дигар бошад, ҳар яки онҳо шахсият аст, бо хусусиятҳои хоси худ. Масалан, Шаҳзод ки имсол ба синфи якум қадам мениҳад, дар гурӯҳамон фаъолтарин кӯдак аст. Мо ӯро "сиёсатмадор"-и синфамон унвон мекунем, чунки ҳамаи президентҳоро мешиносад, —табассум мекунад муаллима.

Тасдиқи суханони муаллимаро дер интизор нашудем, дар баробари  суол аз Google  ва баромадани аксҳо, писарбача номҳои роҳбарони давлатҳоро зуд мегуфт.

— Ин Путин, ана инаш бошад Эмомалӣ Раҳмон-президенти мо, —бо ангушти хурдаш сурати сарвари ҶТ-ро нишон дода мегӯяд Шаҳзод.

— Ман ба шавқ меоям аз он ки Шаҳзод бо ҷиддият ахборро тамошо мекунад. Ба саволи Эмомалӣ Раҳмон чӣ кор мекунад, ҷавоби ӯ кӯтоҳакак: "Мушкилотро ҳал менамояд",-нақл мекунад аз суханони шогирдаш Мунира Ҷураева.

Ин зан се сол қабл аз фаъолияти худ-омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқ дар мактаби миёна, ки ними умрашро ба ин кор бахшида бад, даст кашид.

Ва ба кӯмаки кӯдакони гирифтори "Дауна" омад. Духтари худи ӯ ҳам "офтобак" аст. Ӯ монеъаҳоро дар роҳи рушди фарзандаш дида, қарор дод, ки бетараф намеистад.

— Акнун чизе, ки аз дастам меояд ман ба ҳама кӯмак мерасонам: ҳисобкунӣ, хондан, рангҳоро фарқ кардан. Аксари онҳо зуд аз ёд мекунанд, баъзеашон каме дертар, аммо як чизро ман аниқ медонам-онҳо метавонанд муваффақ шаванд, агар бо онҳо кор кунем,- боварӣ дорад омӯзгор.

© SputnikРепсаро барои кӯдакон беҳтарин сурудаҳояшро иҷро кард
Рэпер S.A.R. выступает перед детьми - Sputnik Тоҷикистон
Репсаро барои кӯдакон беҳтарин сурудаҳояшро иҷро кард

Офтобакони олимпӣ

Дар бораи он ки муваффақият дар ҳақиқат ҳаст, медалҳои чор варзишгар (1 тилло ва 1 нуқра) ва дипломҳое, ки дар Бозиҳои Олимпиадаи махсуси соли гузашта дар Лос-Анҷелес ба даст овардаанд, далел шуда метавонанд.

Ба қавли директори "Special Olympics Tajikistan" Дилбар Шарипова, варзишгарони мо дар намуди варзиши сабук ва гимнастика ғолиб омаданд.

Аз мобайни чор варзишгар- Дилором Уроқова бемории Дауна дорад. Ӯ дар намуди варзиши сабук ҷои ҳаштумро ишғол кард. Дар умум дар олимпиада 7 ҳазор варзишгар ширкат дошт.

Дар ҳоли ҳозир аз рӯи 14 намуди варзиш дар Special Olympics Tajikistan 12 ҳазор кӯдакон ва дар баробари онҳо "кӯдакони офтобӣ" бо орзуи баробар будан бо дигарон, ҳамарӯза  машғули варзиш ҳастанд.

© Предоставлено директором Special Olympisc Tajikistan Дилбар ШариповойИштирокчиёни Олимпиадаи вижаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон
Участники от Таджикистана на Всемирных специальных олимпийских играх в Лос-Анджелесе - Sputnik Тоҷикистон
Иштирокчиёни Олимпиадаи вижаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон

 

Лентаи хабарҳо
0