01:05 23 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Рамазон Рахимзода. Архивное фото

Раҳимзода: ҳар як корманди мақомот бояд ҳушёр бошад

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
122 0 0

Қайд гардид, ки ҳайати шахсии Воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар баробари дигар ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии кишвар баҳри таъмини сулҳу оромӣ дар кишвар ва амнияти мардум саҳми арзандаи худро мегузоранд.

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода аз қароргоҳи Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД (ОМОН) боздид намуда, бо ҳайати шахсии он мулоқот дошт, хабар медиҳад сомонаи ВКД ҶТ.

Ба иттилоъи манбаъ, генерал Раҳимзода дар хитоб ба ҳайати шахсии Воҳидҳои махсуси ВКД (ОМОН) таъкид кардааст, ки вазъияти кунунии ҷаҳон аз ҳар як корманди ин ниҳод ҳушёриву чолокӣ ва далерию нотарсӣ тақозо мекунад.

Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотии ВКД ҶТ 24 июли соли 2015
Предоставлено Мавзуной Абдуллоевой

"Содиқ будан ба халқу Ватан- аз нуктаҳои асосии савганди ёдкардаи ҳар як корманди низомӣ ба ҳисоб рафта, хизмати арзандаи муҳофизони Ватан аз ҷониби Ҳукумату давлат ҳамеша қадр мешавад"-  иброз дошт вазири умури дохила.

Зимнан, як қатор хизматчиёни Воҳидҳои таъиноти махсус, аз ҷумла майори милитсия Носир Шокиров, капитани милитсия Хайрулло Шарифзода, подполковники милитсия Шоҳиён Шуҳрат Шоҳ ва дигарон дар назди роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ суханронӣ намуда, зикр карданд, ки онҳо ҳамеша баҳри таъмини тинҷиву оромии кишвари азизамон тамоми кӯшишу ғайрати худро равона хоҳанд кард.

Дар идомаи мулоқот Зикрулло Саидзода, устоди Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи вазъи сиёсии баъзе кишварҳои дунё суҳбат кардааст, ки айни ҳол ба муноқишаҳои диниву мазҳабӣ кашида шудаанд. Саидзода дини Ислом аз нигоҳи мазҳаби Имоми Аъзамро шарҳ дода, афзудааст, ки Ислом муттаҳидию меҳру шафқат ва инсондӯстиро меписандад ва тафриқаандозию низоъангезӣ хилофи қоидаҳои исломӣ мебошанд.

Ҳамчунин дар чорабинии мазкур, дар фазои тантанавӣ як қатор кормандони Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД, ки зимни фаъолияти хизматиашон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд ва барои интизоми намунавию хизмати софдилонаю содиқонаашон ба Ватан, бо фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо нишонҳои сарисинагӣ, медалҳои ҷашнӣ ва тӯҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ гардиданд.

Мавзуъ

Рамазон Раҳимзода аз хатарот дар минтақаи СҲШ гуфт
Барчаспҳо:
чолокӣ, ҳушёрӣ, қадрдонӣ, суҳбат, дидор, боздид, мулоқот, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Воҳидҳои таъиноти махсус, ОМОН, ВКД ҶТ, Зикрулло Саидзода, Рамазон Раҳимзода, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ