20:19 06 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Хонандагон ҳангоми дарс. Акс аз бойгонӣ

Ғолибони олимпиадаҳо дар Тоҷикистон ба донишгоҳҳо роҳхат гирифтанд

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
33 0 0

Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи фанҳои табиӣ гурӯҳи муҳассилини макотиби шаҳри Душанбе ҷои аввалро ишғол намуданд. Мақоми дуюм ва сеюм насиби донишомӯзони вилояти Суғд ва Хатлон гардид.

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанҳои табиӣ ва риёзӣ доир гардид, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ.

Толибилмони макотиби мутавасситаи кишвар дониши худро аз рӯи фанҳои биология, ҷуғрофия, риёзӣ, информатика, физика ва кимиё санҷиданд.

Дар бахши ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ, ки дар пойтахт доир гардид, 324 донишомӯз иштирок дошт.

Аз миёни онҳо даҳ нафар ғолибони озмун соҳиби мукофоти олӣ —роҳхат ба донишгоҳҳои Тоҷикистон бидуни имтиҳон гардиданд.

Манбаъ мегӯяд, аз рӯи шумораи медалҳо, донишомӯзони шаҳри Душанбе бо касби 21 нишон мақоми аввалро соҳиб гардида, ҷои дувум насиби хонандагони макотиби Суғд (17 медал) шуд. Толибилмони вилояти Хатлон бо 8 нишон дар мақоми севум қарор гирифтанд.

Ҳафтаи равон дар мактаби байналмиллалии президентӣ дар Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ аз рӯи фанҳои гуманитарӣ баргузор хоҳад шуд.

 

Мавзуъ

АУ ҶТ мактаби тобистона таъсис медиҳад
Барчаспҳо:
дохил, роҳхат, донишҷӯ, озмун, олимпиада, вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, Суғд, Хатлон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ