09:12 24 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
132 0 0

Интихоботи қабл аз мӯҳлат дар палатаи болоии парлумони Тоҷикистон 29 май баргузор мегардад. Озода Раҳмон метавонад ҷои собиқ раиси Дастгоҳи иҷроияи президенти ҷумҳурӣ Бахтиёр Худоёрзодаро дар Маҷлиси миллӣ соҳиб шавад.

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон Озода Раҳмонӣ аз сӯи вакилони маҷлиси вакилони халқии Душанбе ба узвияти Маҷлиси миллӣ пешбарӣ гардид, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба дафтари матбуотии ҳукумати пойтахт.

Эмомалӣ Раҳмон ба Озода Раҳмон ордени Шараф тақдим кард
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Бисту нӯҳуми май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар палатаи болоии кишвар интихоботи пеш аз мӯҳлат ба ҷои вакил ва собиқ роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти ҷумҳурӣ Бахтиёр Худоёрзода, ки 21 январ раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон таъин шуд, доир мегардад.

Ба ҷои ӯ духтари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон- Озода Раҳмони 38-сола, ки қабл аз ин вазифаи муовини аввали вазири умури хориҷии кишварро бар дӯш дошт, таъин шуда буд.

Аъзоёни палатаи боло на тариқи овоздиҳии мустақим интихоб мешаванд. Аз 33 нафар аъзо 25 нафарашон тариқи овоздиҳии пинҳонӣ бо иштироки вакилони се вилоят, ноҳияҳои тобеъи марказ ва ноҳияҳои Душанб интихоб мегарданд. 8 аъзои дигар аз ҷониби президенти кишвар таъин мешавад.

Мавзуъ

Озода Раҳмон: 40% аҳолии Тоҷикистон мушкили дастрасӣ ба об доранд
Барчаспҳо:
вакилон, овоздиҳӣ, интихобот, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, дастгоҳи иҷроияи президент, Озода Раҳмон, Бахтиёр Худоёрзода, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ