23:58 20 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Ҳашиш. Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон 39 кило ҳашиш дарёфт гардид

© Sputnik / Андрей Стенин
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
26 0 0

Дар пайи як амалиёти вижаи ҷустуҷӯӣ кормандони ҳифзи ҳуқуқ сокини 30-солаи Душанбе ва марди 25-сола аз шаҳри Кӯлобро дастгир намуданд. Аз онҳо дар ҳаҷми махсусан калони ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид.

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Дар вилояти Суғд ду нафар бо гумони гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир гардиданд, иттилоъ медиҳад ВКД-и ҷумҳурӣ.

Дар пайи баргузории амалиёти ҷустуҷӯӣ кормандони пулиси ноҳияи Истаравшан сокини 30-солаи пойтахт ва марди 25- сола аз шаҳри Кӯлобро дастгир намуданд.

Ҳамгоми кофтукови шахсӣ аз дастгиршудагон дар ҳаҷми махсусан калон маводи мухаддири навъ ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид.

"Вазни умумии маводи мухаддири ёфтшуда 38 килограмму 956 граммро ташкил дод",-омадааст дар иттилоия.

Қаблан хабар дода шуд, ки  дар давоми семоҳаи аввали соли равон хадамоти марзбонии кишвар 300 кг маводи мухадирро дарёфт ва мусодира намудааст. Ҳаҷми умумии қочоқи нашъа дар қиёс бо соли гузашта 51,5 кг зиёдтар аст.

Мавзуъ

Тайи як шабонарӯз дар ҶТ 24 кг нашъа мусодира гардидааст
Мусодираи беш аз 100 кг нашъа дар Кӯлобу садамаи маргбор дар Душанбе
Барчаспҳо:
гардиши ғайриқонунӣ, қочоқ, дастгир гардиданд, нашъа, ҳашиш, маводи мухаддир, дастгир, ВКД-и Тоҷикистон, Истаравшан, Суғд, Кӯлоб, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ