10:09 21 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Маводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ

Дар рӯзҳои истироҳат се ҷинояти марбут ба қочоқи нашъа ошкор шуд

© Sputnik / Руслан Кривобок
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
33 0 0

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ду ноҳияи кишвар зимни гузаронидани амалиётҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз шаҳврандон халтаҳо бо маводи нашъадор дарёфт карданд.

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Дар давоми рӯзҳои истироҳат аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъадори назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се парвандаи марбут ба қочоқи маводи мухаддир ошкор гардид.

Дар паи амалиётҳои ҷустуҷӯӣ дар қаламрави шаҳри Душанбе сокини 46-солаи кишвар дастгир шуд. Дар рафти тафтишот аз бағоҷи мошини дастгиршуда, 30 борхалтаи дорои бӯи махсус дарёфт ва мусодира гардид.

Бино ба ташхиси Шӯъбаи экспертизаи агентӣ он маводи ҳашиш буда, вазни умумии он 29,3кг-ро ташкил медиҳад.

Нисбати шарикони дигари ин ҷиноят чораҳои зарурӣ  андешида шуданд.

Ҳамчунин дар пойтахт шаҳрванди 32-сола бо гумони даст доштан ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир гардид. Дар дафти тафтишот аз ӯ 5 халта ҳероин бо вазни умумии 327,7 гр дарёфт ва мусодира шуд.

Дар бробари ин кормандони Идораи Агентии вилояти Суғд дар паи амалиётҳои вижа сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо гумони гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир намуданд. Дар рафти гузаронидани тафтишот дар манзилаш бо ёрии саги хизматӣ халтае, ки дар дохилаш 171 гр. ҳашиш мавҷуд буд дарёфт гардид.

Аз рӯи ҳамаи ҳодисаҳои дар боло зикршуда, парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад.

 

Мавзуъ

КДАМ: боздошти гурезаи афғону шарикаш бо 70 кг ҳашиш
Барчаспҳо:
дастгир гардиданд, маводи нашъадор, дарёфт ва мусодира, ҳашиш, боздошт, Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, Бобоҷон Ғафуров, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ