20:55 21 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Оқибатҳои обхезӣ дар деҳаи Бедак

Суғд: оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Панҷакент бартараф мешаванд

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
12110

Дар мавзеъҳои офатзадаи Дашти Қозӣ, Шинг, Косатарош ва ғайра низ мардуми зиёд бо истифода аз техника ва ба тариқи ҳашар пайомадҳои гарони селро рафъ мекунанд.

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Дар ноҳияи Панҷакент корҳои барқарорсозии иншоотҳои хисоротдида ва тозакунии кӯчаю ҳавлиҳо, ки аз селобҳои чанд рӯзи қабл зарар дида буданд, идома дорад.

Ба иттилоъи масъулини ҳукумати ин шаҳр, имрӯз низ сокинон якҷо бо кормандони КДФ "Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр", Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Панҷакент ба поксозии хиёбони марказии шаҳр машғул буданд. Сарбозони қисми низомиии мустақар дар минтақа ба оилаҳои зарардида дар кори тоза кардани ҳавлию боғҳо мадад мерасонанд.

Гуфта мешавад, сел обпартои Зебонро аз қуму санг пур карда буд. Ҳоло дар мавзеи Обшорон панҷ техникаи ширкати «Зарафшон», ҳамчунин техникаҳои Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Панҷакент, Муассисаи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр маҷрои селгузарро аз қуму санг ва партовҳо тоза мекунанд.

Сокинони ҷамоати деҳоти Саразм ва маҳаллаҳои шаҳр ба тоза кардани канали Тӯқсанкорез машғуланд. Бошандагони маҳаллаи Зардолузор дастаҷамъона хатти оби нӯшокии маҳалларо барқарор мекунанд.

Дар мавзеъҳои офатзадаи Дашти Қозӣ, Шинг, Косатарош ва ғайра низ мардуми зиёд бо истифода аз техника ва ба тариқи ҳашар пайомадҳои гарони селро рафъ мекунанд.
Ҷараёни корҳои барқарорсозӣ таҳти роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр сурат мегиранд.

Зимнан, кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҷамъомади худ қарор доданд, ки маоши дурӯзаи корашонро ба хазинаи махсуси рафъи офат мегузаронанд. 

Мавзуъ

Хисороти сел дар навоҳии Рӯдакӣ ва Дарвоз
Барчаспҳо:
тоза кардани каналҳо, корҳои барқарорсозӣ, сел, КДФ "Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр", Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Панҷакент, Панҷакент, Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ