23:51 08 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.14
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
66 0 0

Қарорҳои Шӯрои роҳбарони сохторҳои алоқаи кишварҳои узви Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа, ки ин навбат дар шаҳри Душанбе доир мегардад, дар оянда ба тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва пешрафти ин соҳаи муҳим дар кишварҳои аъзо мусоидат менамояд.

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узви Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа мулоқот кард.

Бо таъкиди муҳимияти нақшаю барномаҳо ва тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқа, сарвазири мамлакат изҳор дошт, ки мақоми Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа дар шароити ниҳоят мураккаби авзои ҷаҳон, хусусан дар шароите, ки ҷиноятҳои марбут ба алоқа ва интернет афзоиш меёбанд, бояд боз ҳам баланд бардошта шуда, робитаю ҳамкории соҳавӣ тақвият бахшида шаванд.

Дар мулоқот доир ба тақвияти ҳамкории минбаъда дар соҳаи алоқаву технологияҳои иттилоотию комуникатсионӣ ва фаъолгардонии кори Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа табодули афкор сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки қарорҳои Шӯрои роҳбарони сохторҳои алоқаи кишварҳои узви Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа, ки ин навбат дар шаҳри Душанбе доир мегардад, дар оянда ба тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва пешрафти ин соҳаи муҳим дар кишварҳои аъзои Иттиҳод мусоидат менамояд.

Мавзуъ

Нахуствазир: аз таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёт пешгирӣ бояд кард
Нахуствазир: фасод ва мубориза бо он мушкилтарин масъалаи дунёст
Барчаспҳо:
пешгирӣ, ҷиноятҳои марбут ба алоқа, Қоҳир Расулзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ