Тавсияҳои КҲФ барои наҷот ёфтан аз гармии тоқатфарсо

© Sputnik / Амир ИсаевГармӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Гармӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон гармии 44 дараҷагӣ пешгӯӣ мешавад. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи шаҳрвандии назди президенти ҶТ барои муҳофизат аз гармии тоқатфарсо тавсияҳо пешниҳод намуданд.

ДУШАНБЕ, 9 июня — Sputnik. Дар рӯзҳои истироҳати ҳафтаи равон ҳарорати  обу ҳаво дар вилояти Хатлон ва шаҳри Қурғонтеппа аз 41 боло хоҳад шуд.

"Мо қатъиян тавсия медиҳем, ки дар рӯзҳои нисбатан гарм гаштугузорро дар кӯчаю хиёбонҳо кам карда, аз меҳнати ҷисмонӣ худдорӣ намоянд. Дар сурати дар дохили бино қарор доштан вақт ба вақт тирезаҳои онро кушода боду ҳавои хонаро тоза кунанд, дар баробари ин аз дастгоҳҳои шамолдиҳӣ истифода баранд",-гуфт корманди хадамоти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи ҶТ.

Лекин агар зарурати аз хона баромадан пеш ояд, Кумита пӯшидани либоси сабуки аз матоҳои табиӣ дӯхташудаи рангҳои рӯшан доштаро тавсия медиҳад. Либос бояд кушод ва ҳавогузар бошад.

Ҳаво дар Тоҷикистон то 24 дараҷа гарм мешавад

"Ҳангоми ба кӯча баромадан албатта сарро бо рӯймол, сарпӯш пӯшонида аз айнаки муҳофизатӣ истифода баред. Истифодаи чатр низ фикри оқилона хоҳад буд. Чатрҳо бояд аз рангҳои рӯшан тайёр шуда бошанд. Нӯшидани миқдори зиёди об ба фоидаи кор хоҳад буд. Ҳоло дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон ҳукмфармост ва аксари аҳолии кишвар рӯза медоранд, барои онҳо  баромадан ба кӯча танҳо саҳари барвақт ва ё шом тавсия дода мешавад. Об набояд газдор бошад. Аз нӯшидани нӯшокиҳои ширин чун Соса-Cola худдорӣ намоед, зеро онҳо ташнагии инсонро зиёдтар мекунанд. Истифодаи нӯшокиҳои мадҳушкунанда қатъият тавсия дода намешавад",-қайд карданд дар хадамоти матбуотии КҲФ.

Тавсияҳои дар боло зикршуда аллакай ба Вазорати Тандурустии ҶТ равона карда шуданд. Ҳамчунин қайд гардид, ки набояд кӯдаконро танҳо ва дар дохили мошинҳо зери офтоби сӯзон гузоред.

Омили дигари муҳофизат аз гармӣ-шиноварӣ мебошад. Аммо танҳо бо риояи қоидаҳои бехатарӣ,-қайд шуд дар Кумита.

Дар давоми соли 2016 бо сабаби риоя нагардидани техникаи бехатарӣ 47 нафар ҳалок гардиданд, ки 21 нафари онҳоро кӯдакон ташкил доданд.

Лентаи хабарҳо
0