Нисбати 14 имомхатиб парвандаи ҷиноӣ боз гардид

© Sputnik / Илья ПиталевБоздошт. Акс аз бойгонӣ
Боздошт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз 14 имомхатибони дастгиршуда ду нафарашон имомхатибони амалкунанда мебошанд, гуфт сардори Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон Ҳусейн Шокиров.

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Мақомотҳои қудратии Тоҷикистон нисбати 14 имомхатиб парвандаҳои ҷиноӣ боз кардааст, иттилоъ дод ба рӯзноманигорон сардори Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон Ҳусейн Шокиров.

Ҳусейн Шокиров зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, "ки аз 14 нафар боздотшудагон танҳо ду нафарашон имомхатибони амалкунанда мебошанд".

Дар баробари ин дар бораи айбдоршудагон тафсилоти пурра пешниҳод нашуд.

Додгоҳи олӣ: Дар ҶТ фаъолияти боз 4 созмон манъ шуд

Ҳафтаи гузашта Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз ихтиёран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим шудани Орифҷон Эргашев, имомхатиби пешини масҷиди ҷомеи "Тақво" ва ноиби сархатиби масҷиди марказии ба номи Шайх Муслиҳиддини шимоли Тоҷикистон хабар дода буд.

Мувофиқи маълумоти ВКД, Эргашев баъди оне, ки чанде аз ҳаммаслакони ӯ дар робита бо ҳамроҳ будан ба гурӯҳи "Бародарони мусулмон" дастгир шуданд ба хориҷи мамлакат сафар кардааст.

Дар барномаи телеивзионие, ки тариқи шабакаҳои миллӣ гамоиш дода мешуд, Эргашев иброз намудаст, ки ба ҳаракати "Бародарони мусулмон" ӯ ҳангоми дар хориҷи кишвар қарор доштанаш ҳамроҳ шуда барои аъзогиаш пул мегирифтаст.Ба гуфти ӯ дар давоми 15 соли фаъолияти кориаш чун муаллими мадрасаи Хуҷанд, имомхатиби масҷиди "Тақво" ва ноиби сархатиби  масҷиди Шайх Муслиҳиддин бо гирифани дастур аз хориҷа ба паҳн намудани ақидаҳои "Бародарони мусулмон" машғул будааст.

Моҳи июн бо ҷурми узвият дар гурӯҳи "Бародарони мусулмон" ҳафт имомхатиби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба аз 3 то 3,3 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуданд. Ҳамаи маҳкумшудагон хатмкунандагони Донишгоҳи Исломии Мадина (Арабистони Саудӣ) мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0