17:21 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Футбол. Акс аз бойгонӣ

Сармураббии “Истиқлол” Никола Лазаревич интихоб гардид

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
12 0 0

Сармураббии нав айни ҳол дар Академияи иттиҳоди футболи Русия ба омӯхтани малакаҳои сармурабиягӣ машғул буда, баъди анҷоми омӯзиш соҳиби иҷозатномаи сармураббигӣ дар тамоми клубҳои ҷаҳон хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Номи сармураббии ҷадиди мунтахаби "Истиқлол" маълум гардид, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Курсии сармураббии "Истиқлол" ба ихтиёри Никола Лазаревич гузашт. Собиқ сармураббии мунтахаби "Хуҷанд" Нумонҷон Юсупов ба ҳайси ёвари Никола интихоб шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотӣ "ҳарду марраббӣ ҳам дар мунтахаби "Истиқлол" таҷрибаи корӣ доранд. Нумонҷон Юсупов қаблан дар дастаи "Истиқлол" ёрдамчии Олег Ширинбеков буд. Никола Лазаревич бошад ба ҳайси мураббии тарбияи ҷисмонӣ кор мекард".

Дар рӯзҳои наздик Нумонҷон Юсупов ба боизгарон муаррифӣ шуда тамринҳои аввлинро мегузаронад.

Сармураббии нав айни ҳол дар Академияи иттиҳоди футболи Русия ба омӯхтани малакаҳои сармурабиягӣ машғул буда, баъди анҷоми омӯзиш соҳиби иҷозатномаи сармураббигӣ дар тамоми клубҳои ҷаҳон хоҳад шуд.

Қаблан хабар дода шуд, ки ҳайати пурраи мураббиёни мунтахаби "Истиқлол" ба истеъфо рафтанд. Мубин Эргашев ҳамроҳ бо ёрдамчиёнаш аз вазифаҳои мураббигӣ озод карда шуданд.

Мавзуъ

Барканории ҳайати мураббиёни тими футболи Тоҷикистон
Барчаспҳо:
интихоби сармураббӣ, ФФТ, Никола Лазаревич, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ