09:45 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Маводи мухаддир.Акс аз бойгонӣ

Дарёфт ва мусодираи 16 кг маводи мухаддир дар Тоҷикистон

Предоставлено Хушнудом Рахматуллаевым
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
17 0 0

Аз қочоқбарон зиёда аз 2 кг ҳероини сифаташ олӣ ва 14,5 килограмм ҳашиш ёфт гардид, иттилоъ дод сухангӯи хадамоти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовар Хушнуд Раҳматуллоев.

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Дар шимоли Тоҷикистон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар зиёда аз 16 килограмм маводи мухаддирро дарёфт ва мусодира намуданд, хабар дод сухангӯи хадамоти матбуотии АНМН Хушнуд Раҳматуллоев.

Чуноне дар АНМН қайд намуданд, амалиёт дар се зина гузаронида шуд.

"Бо иттиҳоми даст доштан ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир се сокнин шаҳри Истаравшан, ки мувофиқи маълумот ба интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадор ба мамлакатҳои ҳамсоя машғул буданд, боздошт гардиданд",-гуфт ӯ.

Ба қавли Раҳматуллоев Аз қочоқбарон зиёда аз ду килограмм ҳероини сифаташ олӣ ва 14,5 килограмм ҳашиш ёфт ва мусодира гардид.

Дар рафти тафтишоти пешакӣ маълум шуд, ки яке аз дастгиршудагон соли 2007 бо ҷурми гаридши ғайриқонунии қисми калони маводи мухаддир маҳкум шуда будааст.

Аз рӯи модаи  "муомилоти ғайриқонунии қисми калони маводи мухаддир ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади қочоқ" парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.

Раҳматуллоев илова намуд, ки айни замон барои дастгир кардани дигар гунаҳкорони ин ҳодиса амалиёти вижа гузаронида шуда истодааст.

Мавзуъ

Дар оташдони нави АНМН 400 кило маводи мухаддиро сӯзонданд
АНМН: мубориза бо қочоқи маводди мухаддир бояд дастҷамъона бошад
АНМН: аз як сокини Шӯрообод қариб 100 кг афюн мусодира гардид
Барчаспҳо:
маводи мухаддир, дарёфти 16 кг, АНМН, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ