02:47 16 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Симпозиуми байналмиллалии об дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Симпозиуми об дар Душанбе бо қабули эъломия анҷом ёфт

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
12701

Иштирокчиёни симпозиум ҷомеаи ҷаҳониро даъват намуданд, то масъалаи зиёдшавии норасоии об ва офатҳои табиӣ ҳал карда шавад, технологияҳои ҷадид, ки дастрасии мардумро аб об осон меградонад, рушд ёбанд.

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Дар Душанбе симпозиуми байналмиллалии Ҳадафи шашуми рушди устувор ва "Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт" эъломияи  ниҳоиро қабул намуданд, итилоъ медиҳад хабарнигори РИА Новости.

Иштирокдорони чорабинӣ декларатсияи ниҳоиро қабул намуданд, ки дар он аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват даъват шудааст, то ҳамкориро бо роҳи ташкил намудани навовариҳои бисёрҷониба густариш диҳанд, масъалаи зиёд шудани норасоии об ва офатҳои табииро ҳал намоянд, кори ташкилотҳои  маблағгузор рушд дода шавад, технология, ҷамъоварӣ ва таъмин намудани дастрасӣ ба иттилоот, ҳамчунин нақшаи дастгирии амалиётҳои ояндаи "Об барои рушд"-ро дида бароянд, ки он метавонад  барои ба роҳ мондани лоиҳаҳои марбут ба об то осли 2030 ёрӣ расонанд.

Дар симпозиуми байналмиллалӣ 700 намояндагон аз 90 мамлакатҳои дунё, аз ҷумла 47 ташкилотҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ, чун СҲШ, ИДМ, Бонки умумиҷаҳонӣ, Салиби Сурх иштирок карданд.

Иштирокдорони чорабинӣ масъалаҳоеро баррасӣ намуданд, ки бо эҷоди тавонмандии ҳукуматҳои миллӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар пешбарии идоракунии захираҳои об марбут буданд. Дар доираи симпозиум мубодилаи дониш ва таҷриба дар соҳаи таҷрибагузаронии навовариҳо дар беҳтаргардонии дастрасӣ ба об, санитария ва беҳдошт баргузор гардид.

Дар баробари ин дар рафти симпозиум масъалаҳои баландбардории сатҳи истифодаи об, кам намудани ифлосшавии манбаҳои об, ҳифзи ҳавзаҳои об ва низоми экологӣ, беҳбуд намудани ҳамкориҳои байналмиллалӣ ва ҳамкорӣ, рушди ҳамкории мантақавӣ ва бисёрҷониба баррасӣ гардиданд.

Чорабинӣ бо ташаббуси ҳукумати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ташкил карда шудааст. Симпозиум бо дастгирии барномаҳои рушди СММ, САҲА, Бонки умумиҷаҳонӣ ва дигар ташкилотҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ баргузор гардид.

Мавзуъ

ВАО: Эмомали Раҳмон роҳбари гурӯҳи СММ оиди захираҳои обӣ интихоб шуд
Барчаспҳо:
Дастрасӣ ба об, Эъломия, Симпозиум, Бонки умумиҷаҳонӣ, Салиби сурх, ИДМ, СММ, САҲА, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ