15:54 21 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Боздиди Эмомали раҳмон аз деҳаи Ромит. 13 августи соли 2016

Боздиди президент аз деҳаи Ромити шаҳри Ваҳдат

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
48 0 0

Нахуст Эмомалӣ Раҳмон баробари тамошои табиати дилфиреби ин мавзеъ бо фаъолияти картошкапарварон ва вазъи рушди ин соҳа дар хоҷагиҳои деҳконӣ шинос шуд.

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо аз вазъи картошкапарварӣ ва парвариши занбӯри асал бо сафари корӣ ба мавзеи Канаски ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат ташриф овард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.

Раисҷумҳур ба деҳоти Ромит ташриф оварда, нахуст бо фаъолияти картошкапарварон ва вазъи рушди ин соҳа хабардор гардид.

"Майдони умумиии Канаск 44ҳзр гектарро ташкил медиҳад. Он дар қисми шимолу шарқии шаҳри Ваҳдат ҷойгир шудааст. Ин мавзеъ барои чорвопарворону занбуриасалпарварон хело мувофиқ аст. Имсол дар заминҳои мавзеи Канаск аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Диамант К» дар майдони 63 гектар ва дигар хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони 20 гектар кишти картошка ба роҳ монда шудааст",- омадааст дар хабар.

Дар мавзеъи Канаск Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти занбӯриасалпарварон низ шинос шуд.

Тавре маълум гардид, айни замон дар ин ҷо сад нафар сокинони шаҳри Ваҳдат бо 400 нафар аъзои хоҷагии хеш ба нигоҳубини 10 ҳазор оилаи занбури асал машғуланд.

Соли 2015 дар маҷмуъ занбӯрпарварони шаҳри Ваҳдат 233,7 тонна асал истеҳсол карданд. Имсол бошад, ният доранд, ки ин шумораро ба 250 тонна расонанд.

Мавзуъ

Эмомали Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар “Роғун” шинос шуд
Барчаспҳо:
Дастурҳо ба асалпарварон, Раисҷумҳур дар Ромит, Эмомалӣ Раҳмон, Деҳаи Ромит, Ваҳдат, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ