17:04 20 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Дилшод Назаров дар Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Женейро

Дилшод Назаров бо медали тилло ба Тоҷикистон бармегардад

© AP / Jae C. Hong
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
5510

Пас аз се рӯз варзишгари тоҷик, ки дар Бозиҳои олимпӣ медали тилло ба даст овардааст, соати 18:00 маҳаллӣ ба фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе фурӯд меояд.

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Қаҳрамони олимпӣ Дилшод Назаров пас аз ба итмом расидани Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Женейро бо медали тилло ба ватан бармегардад, хабар медиҳад Кумитаи милии олимпии Тоҷикистон.

Дар пеш варзишгарро парвозҳои дурудароз ва пешвози гарму ҷӯшони ҳамватанон интизор аст.

Имрӯз 23-юми август, варзишгар аз Рио ба Прага прйтахти Чехия парвоз мекунад. Аз он ҷо бо хатсайри Прага-Маскав ба Русия меояд, пасон ба Тоҷикистон парвоз мекунад.

Тайёраи қаҳрамони тоҷик санаи 26-уми август соати 18:00 маҳаллӣ дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ҳозир мешавад.

Тоҷикистонро дар олимпиадаи тобистона дар Рио 7 нафар варзишгарон муаррифӣ карданд. Шаш нафари онҳо, мутаассифона шаш нафари онҳо ноком гаштанд, варзишгари ҳафтум- Назаров бо муваффақият ба давраи ниҳоӣ роҳ ёфт, пасон дар давраи ниҳоӣ натиҷаи беҳтаринро нишон дод ва ғолиб омад.

Ғолибияти худро варзишгари сабук ба падари хеш бахшид, ки ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ фавтида буд. Гузашта аз ин Назаров комёбии худро ғолибияти тамоми миллати тоҷик мешуморад.

Мавзуъ

Дилшод Назаров ба давраи ниҳоии бозиҳои Олимпӣ роҳ ёфт
Барчаспҳо:
Дилшод Назаров, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ