08:02 27 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.44
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
32 0 0

Намояндаҳои ширкати ҳавоии тоҷикии “Сомон Эйр” ҳоло тайёр нестанд, ки аз харидори намудани тайёрии граҳдании Русия Sukhoi Superjet 100 хабар диҳанд.

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Дар маркази Тоҷикистон вохӯрии роҳбарони ду ширкат- "Сомон Эйр" ва "Гражданские самолёты Сухого" баргузор гардид. Чӣ хеле ки намояндаи ширкат ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод,  ҳадафи вохӯрӣ бештар шиносоӣ бо ин намуда тайёра буд.

"Ҳоло мо намегӯем, ки тайёраи истеҳсоли русиро харидорӣ менамоем, ин презентатсияе буд, ки дар он ба мо дар бораи имкониятҳои тайёра маълумот доданд. Ҳоло пешниҳоди онҳоро интизорем ва пас аз он қарор қабул хоҳем кард",- қайд намуданд дар ширкати ҳавоӣ.

Аммо ҳатто қарори харидорӣ намудан агар мусбӣ қабул карда шавад ҳам, ин он маъноро надорад, ки якбора якчанд тайёра харидорӣ мешавад. "Сомон Эйр"- ин ширкати ҷавони хусусӣ мебошад, ки танҳо 6 тайёра дорад. Гузашта аз ин ҳамаи онҳо "Боинг" мебошанд.

"Албатта мо дар бораи васеъ намудани минтақаи парвозҳо фикр карда истодаем. Ҳоло мо мехоҳем, то Франкфурти Олмон доман паҳн кунем, аммо мақсади мо аз ин ҳум ҳудудҳои бештар аст. Умед дорем, ки ба наздикӣ шумораи тайёраҳои мо зиёд хоҳад шуд",- гуфтанд кормандони ширкат.

Бояд қайд кард, ки нархи як тайёраи Sukhoi Superjet 100 дар соли 2016- 27млн долларро ташкил медиҳад. Дар он метавон аз 98 то 108 нафар мусофиронро ҷойгир кард.

Sukhoi Superjet 100- тайёраи мусофирбари русӣ мебошад, ки парвози аввалини худро соли 2008-ум ба амал овардааст. Соли 2011-ум аввалин Sukhoi Superjet 100 ба ширкати ҳавопаймоии армании "Armavia" ба истифода дода шуда буд.
"Сомон Эйр" аввалин ширкати тоҷикии ҳавопаймоии хусусӣ мебошад, ки соли 2007-ум ташкил шудааст. Соли 2008-ум он аввалин парвози худро ба таври мунтазам дар хатсайри "Душанбе- Москва" ба роҳ мондааст. "Сомон Эйр" хатсайрҳои байналмиллалии мусофириро ба иҷро мерасонад, ки онҳо аз фурудгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд парвоз мекунанд.

Барчаспҳо:
"Гражданские самолёты Сухого", "Сомон Эйр", Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ