Раҳмон дар Қӯрғонтеппа аз фестивали “Оши палави Хатлон” дидан намуд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон дар фестивали "Оши палави Хатлон"
Эмомалӣ Раҳмон дар фестивали Оши палави Хатлон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва фестивали «Оши палави Хатлон» дидан намуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти сарвари кишвар.

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Дар вилояти Хатлон 64 ҳзр. 64 ҳазор хоҷагиҳои кишоварзӣ ба парвариш ва истеҳсоли маҳсулот машғул мебошанд, хабар доданд ба перзиденти кишвар.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи аввали соли равон аз вилояти Хатлон беш аз 80 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст.

Гузашта аз ин, хабар медиҳад хадамоти матбуот, имрӯз давраи ниҳоии фестивали "Оши палави Хатлон" баргузор гардид, ки дар он садҳо ошпазони беҳтарини шаҳру вилоят ширкат варзиданд.

Аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ барои оши палав 1 тонна биринҷ харидорӣ карда шуд.

Оши палави миллиро дар 100 деги ошпази омода намуда ба хоҳишмандон ба таври ройгон пешниҳод намуданд.

Хабар дода мешавад, ки ғолибони озмун мукофотонида мешаванд.

 

Лентаи хабарҳо
0