Боз як дуздии чорво дар Ҳисор

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкФермаи ширии "Рождество".Акс аз бойгонӣ
Фермаи ширии Рождество.Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯи бо робита бо дуздӣ марди 29 солаи сокини Ҳисор ба даст афтод.

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Хадамоти матбуоти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ба мақомоти милитсия марди 67-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар он хусус муроҷиат намудааст, ки шаби 29 ба 30-юми августи соли равон аз ҷониби шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили оғилхонааш 1 сар чорвои калони шохдор, ки арзишаш 8000-сомонӣ мебошад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар робита ба дуздии мазкур кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи зикргардидаро дастгир намуданд.

Оид ба ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ давом дорад.

Лентаи хабарҳо
0