18:54 09 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.70
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
59 0 0

Дар баробари ин мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро мебояд, амалҳои эҳтимолии террористии ӯро дар қаламрави кишвар пешгирӣ намоянд, иттилоъ дод намояндаи дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ Муҳаммадризо Халифазода.

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Сохторҳои қудратии Тоҷикистон ҳақиқат доштани хабар дар бораи командири собиқ ОМОН-и ҷумҳурӣ Гулмурод Ҳалимов, ки гӯё сарвари низомии "Давлати Исломӣ"(мамнӯъ дар Тоҷикистон) эълон шудаастро месанҷанд, иттилоъ дод намояндаи хадамоти матбуоти Пракуратураи генералии Тоҷикистон Муҳаммадризо Халифазода.

Командири ОМОН-и Тоҷикистон, полковник Гулмурод Ҳалимов моҳи апрели соли 2015 ғайб зада, моҳи майи ҳамон сол тариқи хабари видеоӣ дар бораи ба ба ДИИШ гаравидани худ аз Сурия хабар дод. Ӯ ин амали худро ҳамчун норозигӣ аз кори намояндагони ВКД-и Тоҷикистон оиди масъалаи пӯшидани ҳиҷоб арзёбӣ карда буд. Рӯзи 3-юми сентябр ВАО-и Ироқ дар бораи интихоб гардидани Ҳалимов ба ҳайси сарвари низомии ин гурӯҳи ҷиноятпеша хабар дроданд. ИМА барои дарёфти маълумот дар бораи макони ҷойгиршавии ӯ 3 миллион доллари амрикоӣ тӯҳфа эълон намудааст.

"Сохторҳои дахлдор вазифадор карда шудаанд, то ҳақиқат доштани сарвари низомии Давлати Исломӣ интихоб гардидани Ҳалимов муайян карда шавад ва амалҳои эҳтимолии ӯ дар қаламрави Тоҷикистон пешгириӣ карда шавад",-гуфт Халифазода ба рӯзноманигорон.

Манбаи РИА Новости аз сохторҳои қудратӣ хабар медиҳад, ки  рӯзи душанбе Ҳалимов ба баъзе аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ (шиносонаш) паёмакҳои табрикотӣ бахшида ба 25-умин солгарди истиқлолияти кишвар равон кардааст. Ин ҷашн рӯзи 9-сентябр таҷлил мегардад.

"Айни ҳол мо ин паёмакҳоро санҷида, мехоҳем муайян намоем, ки аз куҷо ва ба кӣ онҳо равон карда шудаанд",-гуфт мусоҳиби оҷонсӣ.

Мавзуъ

ВАО: Гулмурод Ҳалимов сарвари низомии “Давлати исломӣ” интихоб гардид
Барчаспҳо:
сарвари низомӣ, ДИИШ, Гулмурод Ҳалимов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ