18:01 02 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
12300

Роҳбари низомии “Давлати исломӣ” Гулмурод Ҳалимов ба низомиёни тоҷик паёме ирсол намуда, иброз доштааст, ки рӯзи 9-уми сентябр ҳамаро бо ҷашни истиқлол табрик хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Собиқ роҳбари ОМОН-и тоҷик Гулмурод Ҳалимов ба ватанаш дар бораи худ хотиррирасон намудааст, хабар медиҳад оҷонсии Reuters.

"Ду манбаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар эълон намуданд, ки Ҳалимов тариқи телефонҳои мобилии ба низомиёни Тоҷикистон паёмҳои гуногун ирсол намудааст",- омадааст дар хабар.

Дар паёмҳои худ ӯ ваъда медиҳад, ки ҳамаро рӯзи 9-уми сентябрбо Ҷашни истиқлолияти кишвар "табрик хоҳад кард". Ҳоло хадамоти амнияти кишвар ин амалро дида баромада истодаанд.

Оҷонсӣ қайд мекунад, ки паёми телефонии Гулмурод Ҳалимов аз рӯзи 4-уми сентябр — рӯзе, ки собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода кӯшиши табаддулоти сиёсӣ дар кишвар намуда буд, сар карда ба низомиён омада истодааст.

Пештар хабар дода шуда буд, ки Гулмурод Ҳалимов  роҳбари низомии гурӯҳи фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи ДИ қабул шудааст.

Расман дар бораи ба ин вазифа таин гаштани вай аз тарафи гурӯҳи террористии ДИ эълон нагардидааст. Зеро онҳо хавф доранд, ки Ҳалимов низ ба монанди собиқ роҳбарони низомии ин гурӯҳ зери ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор хоҳад гирифт.

Барчаспҳо:
Паёмак аз номи Гулмурод Ҳалимов, ДИ, Гулмурод Ҳалимов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ