Ифтитоҳи пайкараи шоҳ Исмоили Сомноӣ дар ноҳияи Зафаробод

© Sputnik / Владимир Вяткин / Гузариш ба медиабонкМуҷассамаи Исмоили Сомонӣ
Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои бунёди муҷассама 2,4 млн. сомонӣ маблағ сарф шудааст. Дарозии пояи ҳайкал 16 метрро ташкил медиҳад. Дарозии худи муҷассама бошад 6 метр аст.

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳраки Зафаробод дар  ифтитоҳи муҷассамаи аввалин бунёдгузори  давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ иштирок намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти перзиденти Тоҷикистон.

Дар сохтмони маҷмаа якҷоя бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд зиёда аз 5 млн. сомонӣ сарф карда шудааст.

Аз ҷумла, барои бунёди муҷассама 2,4 млн. млн. сомонӣ маблағ сарф гардидааст. Дарозии пояи ҳайкал 16 метр ва муҷассама 6 метр мебошад.

Муаллифони муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ аъзоёни Иттифоқи рассомони Тоҷикистон,  ҳайкалтарошон Ғафурҷон Ҷӯраев, Мансур Маҷидров ва Рустам Ҳоҷибоев мебошанд.

Муҷассамаи Умар Хайём дар Астрахан - Sputnik Тоҷикистон
Дар Астрахан муҷассамаи Умар Хайём гузошта шуд

Корҳоии сохтмонии ин маҷмаа моҳи июли соли 2016 оғоз гадида, иншоот дар рӯзҳои ҷашнгирии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Дар назди муҷассама ҳамчунин президент Парчами миллиро, ки дар пояи 26 метр партавафшонӣ мекунад, баланд намуд. Маросими ифтитоҳи маҷмаа, муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва Парчами миллӣ  бо барномаи консертии рангин бо иштироки кормандони санъат ва ҳунармандони ноҳия давом ёфт.

Ҷоизи қайд аст, ки имсол сокинони ноҳияи Зафаробод дар баробари таҷлили ҷашни истиқлолият, инчунин, барои ҷашнгирии ду санаи барои ноҳия муҳим, яъне 55 — солагии азхудкунии заминҳои Мирзочӯл ва 50 — солагии таъсисёбии ноҳия омодагӣ дидаанд.

Лентаи хабарҳо
0