10:15 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Бостоншиносон ҳангоми омӯхтани ҷои кашфшуда. Акс аз бойгонӣ

Бостоншиносони тоҷик дар вилояти Хатлон шаҳри қадимӣ пайдо карданд

© Sputnik / Поготов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
36 0 0

Шаҳрак дар асри аввали пеш аз мелод пайдо шуда, яке аз муҳимтарин арзишҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии водии Вахши даврони Кушониён ба шумор меравад.

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Гурӯҳи бостоншиносони осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шаҳраки нави қадимиро кашф карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати фарҳанги ҶТ.

Бостоншиносони тоҷик дар назди деҳаи Сайёди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шаҳри қадимеро кашф карданд, ки аз қалъа ва шаҳристон иборат аст.

Ба қавли доктори илмҳои таърих-Давлатхоҷа Довудӣ, айни ҳол дар ҷои бозёфт ковтукобҳо идома доранд. Дар шаҳри кашфшуда хонаҳои истиқоматӣ ва осори гуногун, аз қабили сиккаҳои Евкратид, сиккаҳои шоҳони кушонӣ- Ҳерай, Сотер Мегас Вима Такту, Вима Кадфиз ва Канишка дарёфт гардидаанд.

Археологи на раскопках. Архивное фото
© Sputnik / Евгения Новоженина
Кашфи шаҳраки нав дар вилояти Хатлон

Ҳамчунин дар шаҳри кашфшуда, ҳайкалчаи гилии модархудо, корди оҳанӣ, кафлезчаҳои биринҷии фулузгудозон, дастмона ва ангуштаринҳои биринҷӣ, муҳраҳои ақиқ, хумҳо ва кӯзача, шумораи зиёди зарфпораҳои сафолӣ, далясангҳо, сангҳои уғурак ва чизҳои дигари бостонӣ пайдо кардаанд.

Олимон зимни омӯхтани  сиккаҳо муайян кардаанд, ки ин шаҳр на дертар аз асри 1-и пеш аз мелод пайдо шудааст ва давраи нашъунамои он ба замони ҳукмронии Сотер Мегас — Вима Такту ва Вима Кадфиз, яъне ба асри 1-и мелодӣ рост меояд.

Барчаспҳо:
кашфи шаҳраки нав, вилояти Хатлон

Мавзӯъҳои асосӣ