11:42 13 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Иштироки донишҷӯён дар ҷашни 25-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Донишҷӯёни Душанбе дар тӯли сол ройгон савори автобус ва троллейбусҳо мешаванд

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
4820

Мукофоти бепул савори нақлиёти ҷамъиятӣ шудани ба донишҷӯён дахл дорад, ки дар ҷашни 25-умин солгарди истиқлолияти ҶТ ширкати фаъолона доштанд.

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Ҳамаи донишҷӯёне, ки дар ҷашни 25-солагии истиқлолияти давлатии ҶТ ширкати фаъолона доштанд, метавонанд дар давоми соли равон, ройгон савори автобус ва троллейбус шаванд.

Қарори мазкур дар маҷлиси мақомоти шаҳрдории пойтахт қабул шуд. Ҳамин тавр  12,8 ҳазор нафар донишҷӯён аз пардохти маблағи роҳкиро дар автобусу троллейбусҳои шаҳр озод карда мешаванд. Ба ҳамаи онҳо билетҳои махсуси роҳкиро (проездной) дода мешавад.

Ҷаласаи шаҳрдорӣ бо иштироки  вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ, раисони ноҳияҳои пойтахт ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли ҷомеа доир гардид.

Дар баробари ин дар ҷаласа тасмим гирифта шуд, ки ба муносибати 20-умин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 2 январ то 26 июни соли 2016 дар шаҳри Душанбе марафони меҳнати созанда гузаронида мешавад.

Ҷашни истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола санаи 9 сентябр таҷлил карда мешавад.

Празднование Дня Независимости в Душанбе
© Sputnik
Роҳпаймоӣ дар ҷашни 25-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар Душанбе
Барчаспҳо:
проездной барои донишҷӯён, нақлиёти ҷамъиятии ройгон, шаҳрдори Душанбе, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ