Журналистони қирғиз сокинони Душанберо самимӣ ва меҳмоннавоз хонданд

© Sputnik / Ратушенко / Гузариш ба медиабонкШаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзноманигорони қирғиз таассуроти худро дар бораи Душанбе изброз намуда мардуми пойтахтро меҳмоннавоз ва самимӣ хонданд. Онҳо дар ҳамоиши “ВАО дар фазои рақамӣ: таҳдиду имкониятҳо” иштирок карданд.

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе рӯзи 23 сентябр конфронси байналмилалии "ВАО дар фазои рақамӣ: таҳдиду имкониятҳо"  баргузор гардид.

Дар давоми ду рӯз коршиносони ВАО аз Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон мушкилот, рушд ва вазифаҳои  ВАО-ро дар ҷаҳони муосир  муҳокима карданд.

Журналистон аз Қирғизистон дар баробари иштирок дар ҳамоиш ҳамчунин аз кӯчаҳои зебои Душанбешаҳр дидан карда, пойтахти Тоҷикистонро бо Бишкек муқоиса намуданд.

"Дар Душанбе фазои солҳои 1990-уми Бишкек ҳис мешавад. Дар он ҷо мошинҳо нисбатан камтар, дар кӯчаҳо мардуми наонқадар зиёд, биноҳои баландошёна низ кам ва фаъолияти кории нисбатан нофаъол ба назар мерасад. Душнабе-чун Фрунзеи куҳна-маркази наонқадар калони сарсабз бо меъморӣ ба таври класитсизми Шӯравӣ, вале бо рамзҳои миллӣ мебошад",-қайд кардааст яке аз рӯзноманигори Zanoza.kg.

Ӯ  мегӯяд, ки мардуми Душанбе "меҳмоннавоз,  самимӣ ва омодаи кӯмак ба ҳама ҳастанд, ки дар пойтахти Қирғизистон чунин падидаҳо кам вомехӯрад".

"Ва дар умум дар Душанбе ёдгориҳои "Шӯравӣ" дар қиёс бо Бишкек бештар боқӣ мондааст",-менависад журналист.

Дар баробари ин рӯзноманигорон кӯчаҳои Душанбешаҳрро бо Бишкек муқоиса намуда қайд мекунанд, ки онҳо ба маротиб тозатаранд. "Мумкин ин ҷо кам бошанд одамони нохалаф, ки кӯчаҳоро ифлос кунанд",-мегӯянд журналистон аз Қирғизистон.

Лентаи хабарҳо
0