03:44 20 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
37 0 0

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз сӯҳбату мулоқоти судманду самимӣ доир намуд.

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Дарвоз бо фаъолони ҷамоати деҳоти Сағирдашт  сӯҳбат карда ба вазоратҳои дахлдор ҷиҳати сохтани роҳ ва зиёд намудани шумораи квотаҳо супориш дод, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Тавре маълум аст, дар фасли зимистон роҳи мошингарди Ҷамоати деҳоти "Сағирдашт" ба маркази ноҳия тавассути ағбаи Хобуробод ба муҳлати шаш моҳ баста мешавад.

"Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати ҷудо намудани техникаву таҷҳизоти роҳсозӣ дастур дод ва Вазорати нақлиёти кишварро вазифадор кард, ки ҷиҳати бунёди шоҳроҳи Душанбе — Тавилдара — Қалъаи Хумб тавассути маркази деҳоти Сағирдашт пешниҳодҳои асоснок манзур намоянд",-омадааст дар хабарнома.

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ. 28 июли соли 2015
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Бино ба иттилои манбаъ аснои суханроӣ ҳамчунин раисҷумҳури Тоҷикистон роҳбарони Вазорати маориф ва илм ва дигар сохтору мақомотро супориш дод, ки шумораи квотаи президентиро барои фарзандони сокинони деҳоти Сағирдашт боз ҳам зиёд намоянд.

Ҳамчунин қайд мегардад, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни  суханронӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои рушди чорвопарварӣ, равнақ додани дигар бахшҳои соҳаи кишоварзӣ, беҳтар намудани вазъи роҳҳои мошингард ва ба роҳ мондани фаъолияти корхонаҳои нави саноатӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳот ҷалб кард.

Мавзуъ

Ҳунарҳои мардумӣ, картошка ва маслиҳатҳо: сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Лахш
Дар ноҳияи Рашт бинои нави коллеҷи тиббӣ ва хобгоҳ кушода шуд
Барчаспҳо:
вохӯрӣ бо сокинони деҳаи Сағирдашт, квота, дастур, роҳ, мулоқот, Эмомалӣ Раҳмон, Дарвоз, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ