12:43 23 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Ба фурӯш баромадани iPhone 7 и iPhone 7 Plus, Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон касе дар бораи ба фурӯш баромадани iPhone 7 хабар надошт

© Sputnik / Рамиль Ситдиков
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
48 0 0

Аз рӯзи 1-уми октябр сар карда, модели тозаи iPhone 7-ро дар Тоҷикистон ба фурӯш гузоштанд. Аммо нархи гарон ва бӯҳрони иқтисодӣ боис гардид, ки ин тамғаи тоза, назар ба солҳои пештара харидорони худро кам дарёфт мекунад

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik, Алексей Сахаров. Нархи смартфон дар Тоҷикистон вобаста аз модел ва ҳаҷми хотираи он аз 800 то 1500 доллар мебошад. Ҳаҷми хотираи iPhone 7 и iPhone 7 Plus 32 GB, 128 GB ва 256 GВ мебошад.

Намояндаи Ассотсиатсияи операторҳои мобилии Тоҷикистон Ғафур Эркаев  дар бораи баромади сматртфони тоза, насли ҳафтум аз Apple ибрози назар кард.

"Ин падидаи замони мо аст, барои мисол мардон бояд телефон, соат ва ё мошини замонавӣ дошта бошанд",- илова намуд Ғафур Эркаев.

Намояндаи Ассотсиатсияи операторҳои мобилии Тоҷикистон ҳамчунин хабар дод, ки  бозорро ба таври лозима ба танзим медароранд, албатта бӯҳрони иқтисодӣ дар фурӯши ин маҳсулоти нав таъсир мерасонад, аммо ба ҳар ҳол онро ҳамчун тӯҳфа ва ё барои худ харидорӣ мекунанд.

"Дар заминаи мо истифодабарандагони iPhone 7, аллакай ҳастанд, ҳоло онҳо камтаранд, аммо шумораи онҳо зиёд шуда истодааст."

Дар ширкати "Мегафон Тоҷикистон" аз шарҳи ин ҳодиса худдорӣ карданд. Дар сомонаи оператор, аслан маълумоте дар бораи ба фурӯш баромдаани бренди сабз нест. Шояд ин боз як нишони камхаридор будани телефони нав дар Тоҷикистон бошад.

"Маълум аст, ки одамон сарфа мекунанд. Ҳоло мардум барои ба даст овардани телефони нав, арзонтарашро итихоб мекунанд. Аммо ҷавонони "тиллоӣ" низ ҳастанд, ки ба онҳо нархи гарон муҳим нест",- қайд кард яке аз фурӯшандаҳои телефонҳои мобилӣ.

Ёдовар мешавем, ки ширкати Apple смартфони тозаи худро санаи 7-уми сентябр ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Дар Русия ин тамға аз санаи 23-уми сентябр сар карда ба фурӯш баромад. Харидорони он дар Маскав, дар Майдони сурх ба ҳавои боронӣ нигоҳ накарда ба навбат истоданд, то модели тозаи Apple харидорӣ кунанд.

Барчаспҳо:
кам будани харидорон, iPhone 7, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ