09:51 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Машқи Рисолати сулҳ- 2016

Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар кӯҳҳо озмоиш мекунанд

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
19 0 0

Яке аз вазифаҳои мушкилтарини омӯзиш барои низомиён аз нишебии ростфаромада ба поён фаромадан мебошад, ки омодагии равонӣ ва ҷисмониро талаб мекунад

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik.Дар доманакӯҳҳои қаторкӯҳи Қаршитоғ дар машқгоҳи Ляур қисми ҳарбии иктишофии пойгоҳи 201-уми Русия машқ мекунанд.

Ба ҳарбиён дар шароити ҳаракат намуданро меомӯзонанд.

"Сарбозон ва афсарон малакаи қаблан омӯхтаашонро —аз худ  намудани дараҳои кӯҳӣ, ҳаракати пинҳонӣ дар кӯҳҳо ва наҷот додани зарарбардоштагон дар таҷриба истифода мебаранд",- гуфт ба РИА Новости афсари хадамоти матбуоти Округи марказии ҳарбӣ Николай Беркалов.

Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки яке аз давраҳои мушкилтарини тайёрӣ ин фаромадан аз нишобии ростфаромада мебошад, ки аз ҳарбиён иродаи қавӣ ва омодагии ҷисмониро талаб мекунад.

Машқҳо оид ба омӯзиши кӯҳ дар маҳалли  релефаш мураккаб бо истифодаи таҷҳизоти кӯҳнавардии махсус  суръат мегирад.

Пойгоҳи низомии 201-ум мустақар дар шаҳри Душанбе ва Қурғонтеппа мебошад ва пойгоҳи калонтарини Русия ба ҳисоб меравад, ки дар хориҷа гузошта шудааст.

Барчаспҳо:
Машқҳои иктишофон дар кӯҳҳо, Пойгоҳи низомии 201-ум, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ