Шао Чанчун ба Эмомалӣ Раҳмон мусаввараи нодир тақдим кард

Обуна шудан
Имрӯз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози кори намоиши байналмилалии “Рассомон барои сулҳ” таҳти унвони “Дурдонаҳои Роҳи абрешим” иштирок ва суханронӣ намуд

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Ҷамъомад ба хотири ифтитоҳи намоишгоҳи байналмилалӣ бо ворид шудани Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба толор оғоз гардид, хаба медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

Намоишгоҳи байналмилалии рассомон дар Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон сурат гирифт. Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ меҳмонон ва рассомони хориҷӣ аз 30 давлати дунё иштирок карда, маҳсули эҷоди худро ба маъраз гузоштанд.

"Рассомон миёни намояндагони аҳли санъат баробари тарғибгари фарҳанг буданашон, инчунин, қосиди сулҳу дустӣ низ ба шумор мераванд ва дар тасвирҳои ҷолиби хеш инсонро ба некиву накӯкорӣ, хайру саховат ва нангу номус даъват менамоянд",-гуфт Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ.

Сипас дар чорабинии байналмилалӣ аз номи ҳайати меҳмонон ва иштирокчиёни он роҳбари Маркази табодули фарҳангии "Саёҳат ба хотири сулҳ" ҷаноби Шао Чанчун баромад карда, ба меҳмони олиқадр барои ширкат дар ин чорабинӣ изҳори сипосу миннатдорӣ кард ва аз ҷониби Иттифоқи байналмилалии "Рассомон барои сулҳ" ба президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун қосиди сулҳу ваҳдати нопайдоканори тоҷикон армуғони хотиравӣ як мусаввараи нодир тақдим намуд.

Намоишгоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Зокир Собиров узви Академияи рассомони Русия гардид

Бино ба иттилои манбаъ дар Намоиши байналмилалии "Рассомон барои сулҳ", ба 6 нафар рассом барои комёбиҳои баланди сатҳи ҷаҳонӣ медалҳои тилло, биринҷӣ ва нуқра супорида шуда президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон бо ин мусаввирони муваффақ барои хотира акс гирифт.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ин рӯз бо ҳайати меҳмонони кишварҳои хориҷӣ ва рассомону мусаввирони давлатҳои гуногуни дунё аз Осорхонаи туҳфаҳои президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ошёнаи дуюми Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷойгир шудааст, боздид кард.

Лентаи хабарҳо
0