18:12 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
76 0 0

Маблағи мазкур аз ҷониби Фонди глобалӣ ба Тоҷикистон барои харидорӣ намудани таҷҳизоти тиббӣ, маводҳои доруворӣ ва таҷрибаомӯзии кормандони тиб ҷудо карда шудааст

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik.Фонди глобалӣ барои мубориза бо СПИД, бемории сил ва вараҷа ба Тоҷикистон 4,6 миллион доллар ҷудо мекунад.

Маблағи мазкур барои амали намудани барномаи "Мубориза зидди бемории сил дар Тоҷикистон" ҷудо карда мешавад.

Чуноне ки намояндагони Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар доданд, зиёда аз 80% маблағи ҷудокардашуда барои ба даст овардани таҷҳизоти махсуси тиббӣ ва доруворӣ сарф карда мешаванд. Аз ҷумла, барои харидории таҷҳизоти тиббӣ 1,5 миллион доллар сарф карда мешавад, барои доруворӣ бошад 1,6 миллион доллар.

Ҳамчунин ба воситаи маблағи ҷудокардашуда, омӯзиши кормандони соҳаи тиб ҷорӣ карда мешавад. Кормандон бояд истифодабарии таҷҳизоти навинро омӯхта, роҳҳои мубориза ба бемории силро бештар аз худ кунанд.

Ба нақша гирифта шудааст, ки дар оянда шаҳрвандони Тоҷикистон ақалан дар  ду сол як маротиба аз ташхиси тиббӣ гузаранд. Лоиҳаи мазкур барои дастрасии аҳолӣ ба ташхис ва табобат мусоидат мекунад.

Намояндагони Вазорати тандурустӣ ҳамчунин қайд намуданд, ки даҳ соли охир дар Тоҷикистон шумораи беморони сил 16% коҳиш ёфтааст, шумораи фавт бошад аз ин ҳисоб 50% камтар шудааст.

Барчаспҳо:
маблағгузорӣ, Фонди глобалӣ, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ