Қарори Убайдуллоев: сомонаҳои интернетиро ҳамешагӣ фаъол намоед

© Sputnik / Амир ИсаевМаҳмадсаид Убайдуллоев. Акс аз бойгонӣ
Маҳмадсаид Убайдуллоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо мақсади баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор и махсус қабул кард

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Тиқби қарори нав раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе вазифадор мешаванд, то сомонаҳои интернетии худро  ҳамешагӣ фаъол намуда, сари вақт ба муроҷиатномаҳои шаҳрвандон ҷавоб диҳанд хабар дода мешавад дар сомонаи расмии шаҳрдорӣ.

Мувофиқи қарори раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ин ва баъд шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ҳамарӯза арзу шикоятҳои худро тариқи  www.dushanbe.tj, почтаи электронии раиси шаҳри Душанбе dushanbe80@yahoo.com сомонаҳои иртиботии иҷтимоӣ бо раиси шаҳри Душанбе "Твиттер", "Фейсбук", "Мо метавонем", "Бе миёнаравҳо" ва бо телефонҳои  боварӣ, равон намоянд.

Барфи авал дар Душанбе, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе фаъолияти нонвойхона ва ҳамомҳоро қатъ мекунанд

Манбаъ мегӯяд, мувофиқи қарори раиси шаҳр раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе вазифадор мешаванд, то шабакаҳои интернетии марбутаи ноҳияҳоро фаъол намуда, қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро боз ҳам беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати саривақт баррасӣ намудани муроҷиатҳои шаҳрвандон чораҳои мушаххас андешанд.

Барои қабули арзу шикоятҳои шаҳрвандон навбардории шабонарӯзӣ ба роҳ монда мешавад. Мувофиқи тартиби нави тасдиқшуда қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳар рӯзи шанбе аз соати 9 то 12 ва аз ҷониби муовинонаш аз рӯзи душанбе то ҷумъа соатҳои 17:00-19:00 сурат мегирад.

Лентаи хабарҳо
0