02:55 16 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Паёми солонаи президенти Тоҷикистон ба парлумони ҶТ. Акс аз бойгонӣ

Эмомалӣ Раҳмон: низоми бонкӣ ба талабот ҷавобгӯ нест

© Flickr / официальная страница пресс-службы президента РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
183 0 0

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи паёми солона ба парлумон аз низоми бонкӣ ва назорати онҳо аз ҷониби Бонки миллӣ изҳори нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон паёми солонаи худро ба парлумон ироа кард. Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз низоми бонкдорӣ изҳори нигаронӣ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти муътадили низоми бонкиро дар шароити имрӯза яке аз омилҳои асосии тараққиёти босуботи иқтисодӣ гуфт.

"Хотирнишон менамоям, ки низоми бонкии кишвар ва назорати фаъолияти бонкҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест",-гуфт раисҷумҳури Тоҷикистон.

Вазъи фаъолияти бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ нишон медиҳад, ки дар натиҷаи таъсири манфии омилҳои дохиливу берунӣ ҳаҷми қарзҳои додашуда 32 фоиз коҳиш ёфта, сатҳи хизматрасонии низоми бонкӣ ба мизоҷон беҳбудӣ металабад.

Ҳамин тавр президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба нафарони дахлдори соҳаи бонкдорӣ вазифаҳои мушаххас дод.

"Ҳукумати мамлакат, Бонки миллӣ ва Вазорати молия вазифадоранд, ки фаъолияти бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ ва корхонаву муассисаҳои буҷетиро ба таври қатъӣ назорат намоянд ва дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии амонатгузорон, пеш аз ҳама, нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ ва иҷрои уҳдадориҳои бонкӣ чораҳои фаврӣ андешанд",-гуфт Эмомалӣ Рамҳон.

Мавзуъ

Эмомалӣ Раҳмон дар назди парлумон бо паёми солона баромад мекунад
Барчаспҳо:
ҷавобгӯ нест, соҳаи бонкдорӣ, паёми солонаи президенти ҶТ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ